Баргашт Чоп кардан

СУҒД. ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ


Соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии барномаҳои давлатӣ дар тамоми гӯшаҳои кишвар шароити мусоиди рушди варзиш муҳайё шудааст.


Дар ин замина, дар вилояти Суғд низ ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ҳамкории судманди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бо вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону сармоягузорон, инчунин, иштироки фаъоли ҷомеа боис гашт, ки дар чанд соли охир даҳҳо иншооти замонавии варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шаванд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар вилояти Суғд айни ҳол 3000 иншооти варзишӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 10 толори варзиш, 21 майдонча, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 4 иншооти махсуси варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Яке аз тарҳҳои бузургу муҳими соҳа Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» мебошад, ки сохтмони он айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд идома дорад. Ин Маҷмаа бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва стандартҳои байналмилалӣ бунёд ёфта, дорои толорҳои махсус барои намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс, гӯштингирӣ, таеквондо, гимнастикаи бадеӣ, теннис, шашка ва шоҳмот мебошад.
Соли ҷорӣ вилояти Суғд мизбони як қатор чорабиниҳои муҳими варзишӣ буд. Аз ҷумла, Мусобиқаи III байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Ҳамчунин, Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс низ бо шукӯҳи хосса доир гардид, ки дар он беҳтарин варзишгарони ҷумҳурӣ маҳорати худро нишон доданд. Дар ин радиф, бино ба иттилои масъулон, бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди бемайлони варзиш ва ҳарчи бештар ҷалб намудани сокинон, махсусан наврасону ҷавонон, ба тарбияи ҷисмонию варзиш дар вилояти Суғд мунтазам мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ гузаронда мешаванд. Дар ин давра дар вилоят 816 чорабинии варзишӣ баргузор шуд. Ҳамзамон, 3793 варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла 769 нафар бону, дар 112 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, ба дастовардҳои шоиста ноил гаштанд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ҷисмонӣ ва рушди варзиш, инчунин, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим мебошад.


Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”