Баргашт Чоп кардан

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ МОНДАГОР ХОҲАД БУД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ АЙНӢ


Ба маълумоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то соли 2026 бунёд ва ба истифода додани 595 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 544 иншооти гуногунсамт мавриди истифода қарор гирифт, ки ба 91,4 дарсади нақша баробар мебошад. Дар онҳо наздик ба 700 нафар соҳиби ҷойи кор шуд.
Бояд зикр намуд, ки бештари иншоот бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорон бунёд мегардад.
Боиси хурсандии сокинон аст, ки ҳоло дар деҳаи Такфони деҳоти Айнии ноҳия таҷдиду навсозии бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон барои 80 нафар, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва бунёди чанд иншооти гуногунсамти дигар, бомаром идома дорад. Ба иттилои масъулон, ин се иншооти муҳим бо дастгирии ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» мавриди навсозӣ қарор доранд.
Ҳамчунин, дар шаҳраки Зарафшон-2, деҳаҳои Ревад, Фатмев, Ғаберуд, Похут, Томин ва Урметан сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ оғоз шудааст. Мавриди зикр аст, ки пайваста рафти иҷрои корҳо ва сифати онҳо зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Бо маблағгузории МИМҲД ноҳияи Айнӣ ва саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯст соли гузашта ва нуҳ моҳи соли равон сохтмони се муассисаи таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди чор муассиса ва шаш муассисаи томактабӣ ба анҷом расид. Илова бар ин, чор майдончаи варзишии назди муассисаҳои таълимӣ навсозӣ гардид. Ҳамчунин, дар деҳаи Ғаберуди деҳоти Анзоб бинои нави таълимӣ қомат афрохт. Муассиса аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо риояи талаботи муосири сохтмон сохта шудааст.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”