Баргашт Чоп кардан

БОЗИҲОИ МАҶМУӢ


3 медали дигари варзишгарони мо дар Бозиҳои осиёии наврасон
28-уми октябр дар доираи 3-юмин Бозиҳои осиёии наврасон дар Баҳрайн (22-31-уми октябр) бо иштироки варзишгарони мо мусобиқаҳои бокс ва гӯштии тарзи озод сурат гирифтанд.
Муштзанҳои навраси кишвар Дамир Назаров (46 кг), Абубакр Азизов (60 кг) ва Фурӯғ Сарҳадзода (60 кг) аз ҳарифонашон мағлуб шуда, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегарданд. Муҳорибаҳои финалӣ 30-юми октябр доир хоҳанд шуд. Дар гӯштии тарзи озод бошад, Ёқуб Ибронов (60 кг) ва Аюбҷон Бозорзода (71 кг) то қисмати финалӣ баромаданд, вале дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм аз ҳарифон мағлуб гардида, ҷойи панҷумро гирифтанд.
Ҳайати Тоҷикистон то имрӯз сазовори 15 медал: 2 тилло, 1 нуқра, 12 биринҷӣ гаштааст. Варзишгарони мо дар се рӯзи оянда дар намудҳои ҷудо, гӯштии тарзи озод, ҷиуҷитсу барои ба даст овардани медалҳо талош мекунанд.


ФУТБОЛ
Лигаи даъвати КФО: «Регар-ТадАЗ» бозии дуюмашро доир кард
Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар даври дуюми марҳалаи гурӯҳии Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2025/26 аз тими «Ал-Арабӣ»-и Кувайт мағлуб шуд.
Дидори дастаҳо дар гурӯҳи “С” 28-уми октябр дар варзишгоҳи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 бар суди тими кувайтӣ анҷом ёфт. Дар бозии дигари гурӯҳ “Мурас Юнайтед”-и Қирғизистон бар “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
«Регар-ТадАЗ» дар даври ниҳоӣ рӯзи 31-уми октябр бо дастаи «Сафо» вомехӯрад.


ҶУДО
Дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон байни ҷавонон доир шуд
Рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷудои Тоҷикистон байни ҷавонони то 23-сола баргузор шуд. Дар мусобиқа даҳҳо паҳлавон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар аз рӯйи ҳафт вазн байни мардон зӯрозмоӣ намуданд.
Миёни иштирокчиён варзишгарони номдор, мисли Ёсин Бобокалонов, Умар Шеров, Сайфиддин Сайфиддинзода, Сомон Кишваров, Парвиз Абдураҳмонов буданд, ки Тоҷикистонро борҳо дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ намояндагӣ кардаанд.
Ҳамин тариқ, дар вазни -60 кг Муҳаммадиқбол Алиев ғолиб шуд. Ӯ дар финал бар Абдулло Қуқаншоев пирӯз гашт. Ёсин Бобокалонов бошад, дар вазни -66 кг шикастнопазир буд. Дар вазни -73 кг Фазлиддин Садриддинзода дар финал муқобили Мирзораҳим Алиев дастболо шуда, медали тилло гирифт. Иброҳим Холзода дар вазни -81 кг, Муҳаммадиқбол Тошев дар вазни -90 кг, Сомон Кишваров дар вазни -100 кг ва Абдуллоҷон Бобоев дар вазни +100 кг унвони чемпиони Тоҷикистон миёни ҷавононро сазовор гаштанд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ғолибону ҷоизадоронро бо ҷоизапулии арзишманд қадр кард. Барандагони медали тилло 7000 сомонӣ, нуқра – 5000 ва барандагони медали биринҷӣ 3000 сомонӣ дарёфт намуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”