Баргашт Чоп кардан

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Президенти Эрон


Sputnik Тоҷикистон. Раисҷумҳури Эрон бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Теҳрон мулоқот кард. Ба гузориши расонаҳои эронӣ ин дидори Пизишкиён бо Рамазон Раҳимзода дар ҳошияи нишасти вазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ сурат гирифтааст.
Дар вохӯрӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳамбастагӣ, амният ва рушди устувори минтақа таъкид кардааст. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъмини амниятро заминаи тавсеаи равобити иқтисодӣ хонд ва эълом намуд, ки ду кишвар бояд дар мубориза бо терроризм ва қочоқ ҳамкории зич дошта бошад. Рамазон Раҳимзода дар робита ба равобити фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон гуфтааст: «Мо Теҳронро хонаи худ медонем ва бояд равобити ду кишвар дар ҳама замина густариш ёбад». Раисҷумҳури Эрон, дар навбати худ, иброз доштааст, ки бояд бо тавсеаи равобити дӯстона ҳифзи марзҳо ва кишварҳои минтақаро тақвият бахшем ва бо қочоқчиён ва ҳар гуна амалҳое, ки амниятро халалдор мекунанд, муқовимат намоем.


Пешгирии ҳамлаи террористӣ дар Алмаато
Мир 24. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон моҳи сентябри соли равон дар Алмаато ҳамлаи террористиро дар марҳалаи омодагӣ ҷилавгирӣ кард. Ба иттилои Кумитаи амнияти миллӣ, панҷ шаҳрванди хориҷӣ қасди ин ҳамларо дошт. Неруҳои амниятӣ зуд амал намуда, гумонбаронро боздоштанд. Маълумот дар бораи онҳо ва дигар ҷузъиёти амалиёт ба манфиати тафтишот ифшо намешавад.
Кумита, ҳамчунин, таъкид намуд, ки аз аввалҳои тирамоҳ ҳашт қазоқистонӣ бо иттиҳоми таблиғи терроризм боздошт шуд. Дар ҳамин давра 6 нафари дигар бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гашт. Танҳо соли ҷорӣ барои содир намудани ин гуна ҷиноятҳо 89 кас ба ҷавобгарӣ кашида шуд.


Президенти Ӯзбекистон бо фиристодаи вижаи Трамп рӯзномаи нишасти «С5+1»-ро баррасӣ кард
CentralAsia (UZ). Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳайати ИМА таҳти роҳбарии фиристодаи вижаи Доналд Трамп Серҷио Гор мулоқот кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Ӯзбекистон, ҷонибҳо як қатор масъалаҳо, аз ҷумла густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни ду кишвар, ҷадвали баргузории нишасти сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА (С5+1)-ро, ки 6-уми ноябр дар Вашингтон баргузор мешавад, баррасӣ карданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Президенти ИМА Доналд Трамп раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро барои ширкат дар нишасти «С5+1», ки 6-уми ноябр дар Вашингтон баргузор мешавад, даъват кардааст.


Имзои созишнома аз ҷониби Трамп ва Такаити
ВВС. Президенти ИМА Доналд Трамп ва Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаити дар Токио дар бораи филизоти нодир созишнома имзо карда, аз оғози "давраи тиллоӣ"-и нав дар равобити ду кишвар эълом доштанд.
Президенти ИМА дар сари мизи музокира бо ҳайатҳо нишаста, афзуд: "Аз он чизе, ки ман аз Синдзо ва дигарон шунидаам, шумо яке аз сарвазирони бузург хоҳед шуд ва иҷозат диҳед, шуморо ҳамчун аввалин зане, ки ин мақомро ишғол кард, табрик намоям. Ин дастоварди бузург аст".
Дар посух Санаэ Такаити аз Президенти ИМА барои талошаш ҷиҳати ба даст овардани оташбас байни Камбоҷа ва Таиланд ва, ҳамчунин, миёни Исроил ва ҲАМОС ситоиш кард.


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Sputnik Тоҷикистон. Тоҷикистон аз таҳдиди террористон аз Афғонистон ҳушдор дод. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ин изҳоротро дар конфронси амниятӣ дар Минск баён кард."Хатари истифодаи қаламрави Афғонистон барои ноором кардани давлатҳои ҳамсоя боқӣ мемонад", – изҳор дошт ӯ. Паҳншавии идеологияи радикалӣ дар байни ҷавонони минтақа махсусан нигаронкунанда арзёбӣ гардид.
Lenta.ru. Бино ба гузориши портали хабарии G1, шумораи кушташудагон дар задухӯрди пулис ва гурӯҳи фурӯшандагони маводи мухаддир дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ба 64 нафар расид. "Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шимоли Рио-де-Жанейро 64 нафар, аз ҷумла чаҳор афсари пулис, кушта шуда, 81 нафар боздошт гардид", – гуфта мешавад дар гузориш.
CentralAsia (CA). Тэтсуя Ямагамии 45-сола, ки соли 2022 Сарвазири пешини Ҷопон Синдзо Абэро кушта буд, дар мурофиаи аввалини парвандаи куштор ба гуноҳаш иқрор шуд. Ба навиштаи The Japan Times, ҳукми ӯ 21-уми январи соли 2026 бароварда мешавад. "Шубҳае нест, ки ман ин корро кардам", – гуфт Ямагами дар суд.
Lenta.ru. Вазири корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто дар бораи дар Аврупо барқарор намудани сулҳ сухан ронд. Сийярто бастани созиши эҳтимолии байни Русия ва ИМА-ро шарти асосии сулҳ дар Аврупо номид. Ба андешаи ӯ, кишварҳо бояд як созишномаи "ҳаматарафа" банданд.