Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки таҷлили 30-солагии Конститутсияи Озарбойҷон на танҳо тантана, балки рамзи устуворӣ, хирадмандӣ ва пешрафти мардуми ин кишвар дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.
Ширкати Музаффар Ашуриён дар машварати вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ
29-уми октябр вазири адлия Музаффар Ашуриён дар машварати 12-уми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар машварат масъалаҳои навгониҳо дар фаъолияти вазоратҳо, самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои узви Созмон дар соҳаи ҳуқуқ ва адолат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷаласаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲИ
28-уми октябр дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гашт, ки дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорон зимни ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андешидани тадбирҳо оид ба мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, идоракунии раванди муҳоҷират ва амнияти сарҳадро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамоҳангии талошҳои ИДМ, СААД ва СҲШ дар мубориза бо тундгароӣ
Дар шаҳри Минск бо ташаббуси Тоҷикистон чорабинии махсус таҳти унвони «Ҳамоҳангии талошҳои ИДМ, СААД ва СҲШ дар самти рафъи тундгароӣ: хатарҳо ва имкониятҳо» баргузор шуд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст, ки иштирокдорони ҳамоиш аҳамияти таҳкими талошҳои муштараки ин созмонҳоро дар самти рафъи тундгароӣ таъкид карда, роҷеъ ба таҷриба дар татбиқи чораҳои пешгирикунанда табодули афкор намуданд.
Ҷаласаи Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ
Таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти ойинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори ИДМ доир шуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад, ки зимни ҷаласа натиҷаҳои нишастҳои Шурои сарварони давлатҳои ИДМ, Шурои сарвазирон ва Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ҷамъбаст ва вазифаҳо барои амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои қабулшуда ва тавофуқоти бадастомада муайян гардиданд.