Баргашт Чоп кардан

МУЖДА АЗ НОҲИЯҲОИ ҚУБОДИЁН, ШАҲРИТУС ВА НОСИРИ ХУСРАВ


Пахтакорони ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва Носири Хусрав аз уҳдаи иҷрои нақша бо сарбаландӣ баромаданд. Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир иттилоъ дод.

Ба маълумоти ӯ, то 28-уми октябр заркорони меҳнатқарини ноҳияи Қубодиён беш аз 15 ҳазор тонна, Шаҳритус 11 222,9 тонна ва ноҳияи Носири Хусрав 6 808,5 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.
Барои иҷрои нақшаи пахта раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба пешқадамони хоҷагиҳои деҳқонии пахтапарвари ноҳияҳои зикршуда сипоснома ва туҳфаҳои пуливу хотиравӣ супурд.

Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо масъулон ва хоҷагидорон барои ҷамъоварии босифат ва беталафи пахта изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намуд, ки то ба охир расидани мавсим тамоми ҳосил бояд ҷамъоварӣ ва саҳми ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва Носири Хусрав дар рушди саноатикунонии кишвар бештар шавад.

Тибқи маълумоти сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, аз аввали мавсим то 28-уми октябр 243 ҳазору 192 тонна пахта чида шудааст, ки 95,63 дарсади дурнамои солонаро ташкил медиҳад. Самари бадастомада назар ба ҳамин давраи соли гузашта 123587,4 тонна зиёд мебошад.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»