Баргашт Чоп кардан

ПАНОҲИ «ШАҲНОМА»


(дар партави ибтикори Пешвои миллат андар тақсими “Шоҳнома”)


Шоҳ омад паноҳи «Шаҳнома»,
Рифъаташ бар рифоҳи «Шаҳнома»,
Ӯ салоҳу фалоҳи «Шаҳнома»,
Ҳикматаш бар гувоҳи «Шаҳнома»,
Ҳимматаш марди роҳи «Шаҳнома»!


Он, ки аз азм фатҳ овардаст,
Он, ки аз ҷанг, сулҳ офардаст,
Нармдил, гармрӯ ба ҳар сард аст,
Он, ки аз мардумӣ яқин мард аст,
Ӯст мардумгиёҳи «Шаҳнома»!


Ёфт аз ҳимматаш парафшонӣ,
Парчами дудмони Ашконӣ!
Номаи номадори Сосонӣ,
Номбардори Оли Сомонӣ,
Ӯст чашму нигоҳи «Шаҳнома!


Кист ин эҳтиҷоҷи Сомонӣ?
Ин ба сар карда тоҷи Сомонӣ?
Дар нитоҷаш нитоҷи Сомонӣ!
Шоҳи боҷу хироҷи Сомонӣ?
Таҳмтан, аз сипоҳи «Шаҳнома»!


З-ӯ раво эҳтиёҷи «Шаҳнома»,
З-ӯст ноҷӣ, илоҷи «Шаҳнома»,
Ӯст маъниву воҷи «Шаҳнома»,
Тоҷбарсар зи тоҷи «Шаҳнома»,
Ӯст манзури шоҳи «Шаҳнома»!


Номи Аржангу Монии мон аст,
Ӯ худованди хонаву хон аст,
Соҳиби мулку шуҳрату шон аст,
Шоҳ, Эмомалии Раҳмон аст,
Ӯст болу ҷиноҳи «Шаҳнома»!


Салими ХАТЛОНӢ,
профессор, устоди ДБЗХТ
ба номи Сотим Улуғзода