Баргашт Чоп кардан

6 НОЯБР. РӮЗЕ, КИ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ТАЪРИХ СОХТ


Нақш ва мавқеи Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа хеле муҳим буда, кафолатдиҳандаи ҳимояи ҳуқуқҳои инсон мебошад. Вобаста ба ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷомеа мебошад».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовард ва муқаддасоти миллӣ буда, нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли миллати тоҷик ба шумор меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, бевосита аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат қабул гардида, азму ирода ва мақсаду мароми халқи Тоҷикистонро таҷассум намудааст.
Эълон доштани бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, инчунин, арзишҳои аз ҳама воло эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар он аз мақомоти дахлдори давлатӣ тақозо дорад, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагонии ҳар як фарди кишвар тадбирҳои судманд андешида, механизми кафолати воқеии таъмини онҳоро ба вуҷуд оранд.
Баробари қабул гардидани Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Дар ин замина, бо назардошти он ки нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд калон мебошад, пеш аз ҳама, зарур аст, ки фаъолияти ҳокимияти судӣ ҳамчун ягона мақоми баамалбарорандаи адолати судӣ ҷоннок карда шавад. Зеро суд мақомест, ки танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба он ҳуқуқи маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон иҷозат дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки боби ҳаштуми Конститутсияи кишвар ба танзими ҳокимияти судӣ бахшида шуда, ваколати судяҳоро ба танзим медарорад. Ба амал баровардани ин ҳокимият ба зимаи суд ҳамчун мақоми махсус вогузор шудааст, ки он муносибатҳои баамаломадаро баррасӣ ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, дар ин ҷода қарори дахлдори қонунӣ ва асоснок қабул менамояд.
Адолати судӣ дар заминаи асосҳои демократие ба амал бароварда мешавад, ки онҳо аз моҳияту вазифаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бармеоянд. Ҳуқуқи истисноии суд оид ба пешбурди адолати судӣ ифодагари он аст, ки фаъолияти суд бо тартиби махсуси баррасӣ ва ҳаллу фасл намудани парвандаҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ дар шаклҳои муайянкардаи Конститутсия ва қонунҳо татбиқи адолати судиро таъмин менамояд.
Ҳимояи воқеии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф кардааст, танҳо суде амалӣ карда метавонад, ки он неруманд ва дахлнопазир бошад.


Исмоил ДАВЛАТЗОДА, судяи Суди Олӣ