Баргашт Чоп кардан

ШОМИ ШАНБЕ


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ОСКАР 2»
Дар ин филворд насаби актрисаҳои маъруфи олам, ки бо ҷоизаи «Оскар» (барои беҳтарин иҷрои нақши занона) мушарраф гаштаанд, ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.


Таҳиягар Ш.ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон:
238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА КРОССВОРДИ «КОНСТИТУТСИЯ»
1. Тоҷик 2. Озодӣ 3. Боб 4. Суғд 5. Истиқлол 6. Вилоят 7. Ваҳдат 8. Санад 9. Раъйпурсӣ
10. Сарқонун 11. Парчам 12. Забон 13. Тоҷикистон 14. Парламент 15. Ягона 16. Конститутсия
17. Давлат 18. Душанбе 19. Қонун 20. Модда.


САЪДӢ ВА КУЛБАИ ХАСӢ
Шахсе аз як деҳае мегузашт ва дар ин асно чашмаш ба хонае афтод, ки аз дигарашон фарқ мекард: он хеле фақирона буд. Дар назараш аҷиб тофт, ки аз мардум пурсид: “Ин хонаи кист?”. Ҷавоб доданд, ки хонаи Саъдии Шерозист.
Мард ҳайрон шуду, гуфт: “Саъдӣ номи баланде дораду хонааш бад-ин сон фақирона!”.
Аз байн чанд рӯз гузашту бо Саъдӣ рӯ ба рӯ шуду гуфт:
Саъдиё, Шерозиё, номат бас аст,
Хонаатро дидам, аз хору хас аст!


Саъдӣ ҷавобе дод сазовор:


Дигарон рафтанду мо ҳам
меравем,
Аз барои чанд рӯзи мо бас аст!


Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


ҲАФТ МУЪҶИЗАИ НАВИ ОЛАМ
Ба пурсиши омӯзгор, ки «Ҳафт муъҷизаи олам кадомҳоянд?» аксари донишҷӯён чунин посух навиштанд:
«Тоҷмаҳал, Аҳромҳои Миср, Каниёни бузург, канали Панама, девори бузурги Чин, Б. Эмпире Стейт».
Аммо посухи духтаре аз ин ҳама тафовут дошт ва ғайриодӣ маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, омӯзгор онро бо шодмонӣ ва қаноатмандӣ барои ҳама қироат кард:
«Дар олам он қадар чизҳои пурэъҷоз зиёданд, ки мо ҳоло ҳеҷ якеро дуруст дарк карда натавонистаем. Ҳафт муъҷизаи олам барои ман инҳоянд: «Дидан, шунидан, чашидан, бӯидан, хандидан, ламс кардан ва дӯст доштан».
Баъд аз шунидани ин муъҷизаҳо, синфро комилан хомӯшӣ фаро гирифт ва толибилмон ба фикр фурӯ рафтанд.
Таҳияи Кароматулло АТО


«ХОНАИ ОДАМИ САФЕД»
Дар Австралия шаҳре бо номи Кубер-Педи мавҷуд аст, ки маънои «хонаи одами сафед»-ро дорад. Шаҳр бо айнушшамсаш (санги шишамонанди шаффоф) машҳур аст.
Бо сабаби хеле гарм будани ҳарорати шаҳр (беш аз + 40 С) ва зуд-зуд пайдо шудани регтӯфонҳо, сокинони он дар чуқуриҳои нишебии кӯҳ ба сар мебаранд. Дар хонаҳои зеризаминӣ системаи обу корез ва хатти барқ гузаронда шудааст. Мағозаҳои китобфурӯшӣ, бинои маъбадҳо ва қаҳвахонаҳо дар зери замин ҷойгиранд.
Долу дарахт хеле кам ба назар мерасад.
Барои тамошои шаҳри аҷиби Кубер-Педи ҳар сол сайёҳони зиёде ба ин ҷо меоянд.
Таҳияи Кароматулло АТО


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ЯК ХАТОИ НАПОЛЕОН
Наполеонро аксарият мешиносанд ва медонанд, ки шуҳратёр гардидани ӯ бесабаб нест. Таърихнигорон низ дар муаррифияш хизмати мондагоре анҷом додаанд. Вале ҷое аз хатоҳои содирнамудаи ӯ ишора намешавад, ки аҷиб аст. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки баъзан шахсиятҳои маъруф иштибоҳҳое содир мекунанд, ки ба назар хеле содаву ғайриинтизор менамояд ва Наполеони машҳур низ аз ин табор истисно нест. Аз нақли худи вай аст, ки мегӯяд: «Вақте ихтироъкори шинохта Фултон наздам омад, пешниҳод кард, ки агар дастгирӣ кунам, флоти маро аз киштиҳои тезҳаракати буғӣ месозад. Ҳатто маро бовар кунонд, ки бо чунин киштиҳо шумо Англияро хеле зуд метавонед шикаст диҳед. Намедонам аз чи сабаб на танҳо ба ӯ бовар накардам, балки таҳқираш намудам, ки кашфиётҳои шумо яке аз дигаре аблаҳонатар аст. Бо гузашти солҳо, баъди шикасти таърихиям, дар ҷазираи Еленаи Муқаддас киштии «Фултон»-ро дидам, ки бо буғ ҳаракат мекард ва моро баосонӣ гузашта рафт. Танҳо ҳамон вақт дарк кардам, ки ман тахту тоҷамро пеш аз шикаст хӯрдан бохтаам, аниқтараш вақте ки ихтироъкори маъруф Фултонро пеш карда будам.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА


ЯК ИМТИҲОН
Пирмарде бо либоси фақирона вориди фурӯшгоҳи боҳашамате шуд. Зани мағруре, ки роҳбари фурӯшандаҳо буд, бо таҳқир гуфт: «Бирав, ин ҷо барои ту барин одамҳо нест».
Марди жандапӯш аз мағоза берун шуд ва рӯзи дигар бо ҳамон андом ба мағоза баргашт. Ин навбат фурӯшандаи ҷавоне бо ӯ рӯ ба рӯ омад ва бо лабханд гуфт: «Дунболи чизи хосе ҳастед, метавонам ёрӣ кунам?».
Пирмард бо ишора ба гаронтарин шиму костюм гуфт:
– Хеле дӯст дорам, ки онро бигирам, вале пуле надорам.
– Мушкиле надорад, бипӯшед то бубинам дар танатон чи тавр аст.
Мард ташаккур кард ва либосро пӯшид. Ногоҳ ҳамон зани мағрур ҳозир шуд ва ба сараш дод зад: «Боз ҳам туӣ, гуфтам берун бирав!». Дар ҳамин ҳол мудири фурӯшгоҳ аз дар даромад ва бо эҳтиром ба он пирмард гуфт:
– Раис, ин ҷо чӣ кор мекунед?
– Мехостам бубинам, ки кормандон бо муштариҳо чи гуна рафтор мекунанд…
Баъд аз ин моҷаро пирмард ба фурӯшандаи ҷавон хитоб кард: «Ман ворисе надорам, чун ту маънои аслии ширкатро медонӣ, аз ин пас ҷойнишин ва меросбари ман хоҳӣ буд».
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МОТАМ ДАР ФОТИҲА
Масалнависи машҳури франсуз Лафонтенро ҳамсараш сари мизи корӣ бо ашки шашқатор дида мепурсад:
– Чӣ шуд мардак?
– Қаҳрамонам то пушти дари маъшуқааш омада, ҷуръати хостгорӣ намекунад. Ба ҳоли зори ҳамин бечора мегирям.
– О ҳамааш аз тахайюли худатон-ку, монед, даромада фотиҳаи волидайни арусро гирад охир.
Аламҳои Лафонтен аз нав тоза мешаванд, ки бо овози баланд нола карда мегӯяд:
– Чӣ хел ин бечораҳоро фотиҳа кунам, ман нав боби аввалро сар кардам?
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


БЕРНАРД ШОУ ВА ҲИКМАТИ ЯК ХОБ
Драматурги ҷавон, ки аз пушти сарвати оилавияшон хеле болоназар буд, Бернард Шоуро ба намоиши нахустин асари худ ба театр даъват мекунад. Вақте намоишнома анҷом меёбад, муаллифи ҳайратзада аз Шоу мепурсад:
– Чи тавр Шумо ба худатон иҷозат додед, ки давоми намоиш хуррок кашида хоб равед. Магар намедонед, ки фикри Шумо дар бораи нахустин асари ман то чӣ андоза муҳим буд?
– Асабӣ нашавед милорд, хуррок кашиданам, хулосаи ман дар бораи асари Шумост. Агар ин асар заррае маънӣ медошт, ман на танҳо хоб ҳатто, пинак намерафтам.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА


АШКИ РОЙГОН ВА НОНИ ГАРОН


Марди хасисе сари саги худ, ки дар ҳолати марг қарор дошт, ашк мерехт. Шахсе аз он ҷо мегузашт ва ин ҳолатро дида, аз ӯ пурсид:
– Чаро гиря мекунӣ?
Марди хасис гуфт:
– Саги вафодорам, ки рӯзҳо бароям шикор мекарду шабҳо посбони хонаам буд дар пеши чашмонам ҷон медиҳад.
Ношинос пурсид:
– Сагат аз беморӣ ё ягон ҷароҳате мемирад?
– Не, аз гуруснагӣ, – посух дод хасис.
Чун ношинос дид, ки дар назди ӯ халтае ҳаст, пурсид:
– Дар анбонат чӣ дорӣ?
Гуфт:
– Нон.
Ношинос пурсид:
– Пас чаро ба сагат нон намедиҳӣ то аз гуруснагӣ намурад?
– Ин нонро ман бо пул харидаам, вале ашк ройгон аст, ҳар қадаре хоҳам мерезам, – гуфт марди хасис.
Ношинос гуфт:
–Хок бар сари ту барин соҳиб. Нон аз хок аст ва ашк аз хуни дил, ки ба оби зулол табдил меёбад, вале ту ашкро ройгон гуфта, вафодоратро аз даст додӣ.


Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


БАЛАНДТАРИН КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
7. Қуллаи Карл Маркс


Қуллаи мазкур нуқтаи баландтарини (6726 м) қаторкӯҳи Шоҳдара мебошад, ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, доимо барфпӯш аст.
Бори аввал он соли 1946 аз тарафи кӯҳнавардони Иттиҳоди Шуравӣ Е. Белетский, Е. Абалаков, А. Багров, Е. Иванов, П. Семёнов, А. Сидоренко ва А. Угаров фатҳ шудааст.
Қулларо ба шарафи файласуф ва мутафаккири машҳури олмонӣ Карл Маркс ном гузоштаанд.
Таҳияи Муҳаммад АМИН


БАЛАНДТАРИН КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
7. Қуллаи Карл Маркс


Қуллаи мазкур нуқтаи баландтарини (6726 м) қаторкӯҳи Шоҳдара мебошад, ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, доимо барфпӯш аст.
Бори аввал он соли 1946 аз тарафи кӯҳнавардони Иттиҳоди Шуравӣ Е. Белетский, Е. Абалаков, А. Багров, Е. Иванов, П. Семёнов, А. Сидоренко ва А. Угаров фатҳ шудааст.
Қулларо ба шарафи файласуф ва мутафаккири машҳури олмонӣ Карл Маркс ном гузоштаанд.
Таҳияи Муҳаммад АМИН


НАВМЕД НАБОЯД ШУД
6 ҳикояи аҷиби наҷот аз қаъри уқёнус
12 ДАҚИҚА ПЕШ АЗ МАРГ
Қиссаи раҳоии Роҷер Маллинсон ва Роҷер Чепмен
Моҳи августи соли 1973 батискаф (киштии хурди зериобӣ)-и Pesti III, ки тавассути он Роҷер Маллинсон ва Роҷер Чепмен дар уқёнуси Атлантик ноқилҳои телефон мекашиданд, дучори садама гашта, ба умқи 480 метр фурӯ рафт.
Маллинсон ва Чепмен барои нафаскашӣ ҳамагӣ 80 соат оксиген доштанд. Бахташон баландӣ карду наҷотбахшон 12 дақиқа қабл аз тамом шудани оксиген онҳоро аз чанголи марг раҳо сохтанд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ВАРЗИШГАРОНИ МУВАФФАҚИ ОЛАМ
ЭЛЛИСОН МИШЕЛ ФЕЛИКС
Эллисон Мишел Феликс, давандаи амрикоӣ ба масофаи кӯтоҳ (100, 200 ва 400 метр), яке аз варзишгарони муваффақи олам ба ҳисоб меравад.
Ӯ дар варзиши сабук серҷоизатарин варзишгарзан дар таърихи Бозиҳои олимпӣ ва Чемпионати ҷаҳон мебошад. Феликс қаҳрамони ҳафткаратаи олимпӣ ва 14-каратаи ҷаҳон буда, ягона зан маҳсуб меёбад, ки дар варзиши сабуки миёни занон 7 медали тиллои олимпиро ба даст овардааст.
Соли 2019 Феликс аз рӯи шумораи ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук (13 медали тилло) аз Усэйн Болт (11 медали тилло) пеш гузашт ва дар ин намуди мусобиқаҳо серҷоизатарин варзишгар шуд.


Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО


БОЛИВИЯ
Кишвари сарватҳои табиӣ
Боливия аз сарватҳои табиӣ бой буда, аз ҷиҳати захираи гази табиӣ дар Амрикои Ҷанубӣ пас аз Венесуэла мақоми дувумро ишғол менамояд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки дар ин ҷо 6 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии нуқра, 4 дарсади сурма, 3 дарсади бор ва синк, 2 дарсади волфрам сурат мегирад.
Таҳияи Умар АЛӢ


АҲРОМИ ХУФУ
Аҳроми Хуфу (Хеопс) дар Гизаи Миср ҷойгир буда, як ҷузъи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, ки меъмори ин иншооти беҳамто вазир ва ҷияни фиръавн Хуфу Хемиун мебошад ва он таҳти роҳбарии ӯ тақрибан соли 2540 пеш аз милод бунёд мегардад.
Бояд гуфт, ки баландии аслии ин иншоот 146 метрро ташкил медод ва тайи беш аз 3000 сол то сохтмони маъбади Линколн (Британияи Кабир) баландтарин иншооти рӯи Замин ба шумор мерафт.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА


15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
10. Ғорҳои Сонора (ИМА)


Ғорҳои Сонора аз зеботарин ғорҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбанд. Онҳо дар иёлати Техас ҷойгир буда, гуфта мешавад, ки тақрибан аз 1,5 то 5 миллион сол пеш ба вуҷуд омадаанд.
Аз мавзеъҳои ҷолибтарини сайёҳии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба шумор мераванд. Яке аз моддаҳои ҷолиби ғорҳои Сонора геликтитҳо мебошанд, ки сурати шаҳпаракҳоро доранд.


Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


20 000 ЕВРО ҶАРИМА Агар дар Нидерланд ҳайвонро меозорӣ...
Бино ба иттилои сомонаҳои интернетӣ, дар Нидерланд ҳайвонҳои хонагии бесоҳиб вуҷуд надоранд. Ин далели расмист, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ тасдиқ шудааст.
Бояд таъкид кард, ки дар ин амри хайр на танҳо ҳукуматдорон кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳанд, балки чораҳои ғайриодии қонунӣ низ ниҳоят муассиранд. Тарзи мисол, барои муносибати бераҳмона нисбати ҳайвонҳои хонагӣ ҷарима ба маблағи 20 000 евро ва маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то се сол муқаррар гардидааст.


Таҳияи Нӯшофарин АБДУЛЛОЗОДА


Далелҳои ҷолиб дар бораи футбол
НИШОНЗАНҲОИ БЕҲТАРИН ДАР ТАЪРИХИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН
6. Шандор Кочиши маҷористонӣ бо 11 гол дар панҷ бозӣ (1954) ва Юрген Клинсман аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо задани 11 гол дар 17 бозии се Чепионати ҷаҳон (1990, 1994, 1998) ба ин рӯйхат шомиланд.
7. Ҳелмут Ран футболбоз аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Гари Линекери англис, Габриэл Батистутаи аргентинӣ, Теофило Кубиляс аз Перу, Томас Мюлери олмонӣ ва Гжегож Лятои лаҳистонӣ бо задани 10-голӣ дар феҳристи беҳтарин нишонзанҳои Чемпионати ҷаҳон қарор доранд.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО


МАРАФОНИ КАТҲО


Соли 1965 мусобиқаи марафони катҳо танҳо аз ҷониби артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешуд, аммо бо мурури замон ин бозии шавқовар маъмултар гардид.
Барои ғолибият шумо бояд аввалин шуда аз хатти марра гузаред. Аммо қоидаҳои муайяне ҳастанд, ки бояд риоя шаванд. Аввалан, катеро, ки танҳо як нафар ҷой мегирад, бояд шаш кас тела диҳад. Дуюм, кат бояд шино кунад, зеро марҳалаи ниҳоии мусобиқа убур аз дарёро дар бар мегирад. Аммо ин марҳалаи ниҳоӣ аксар вақт сарфи назар мешавад.


Таҳияи У. САФАРАЛӢ


ИТАЛИЯ
Фестивали “Набардҳо бо афлесун” (Battle of the Oranges)


Фестивали мазкур аз ибтидои асри XIX инҷониб ҳар сол моҳҳои феврал – март дар шаҳраки қадимаи Ивреа (Турин) баргузор мешавад.
Тавре таъкид мегардад, ин анъана аввал танҳо хоси духтарони маҳаллӣ буд, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи мардони роҳгузар аз балконҳояшон ба сӯйи онҳо афлесун мепартофтанд. Оҳиста-оҳиста ин урфу одат ба занозании васеъмиқёси дорои қоидаҳои муайян табдил ёфт.


Таҳияи Басона САТТОРЗОДА