Баргашт Чоп кардан

«Пули сомонӣ – рукни давлатдории миллӣ»


Дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамин унвон ва бахшида ба 25-солагии ба муомилот баровардани пули миллӣ – сомонӣ, конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», иштирокдорон оид ба таърихи сикказанӣ дар замони ниёгон, ташаббуси Президенти мамлакат дар хусуси ҷорӣ кардани пули миллӣ, таърихи барориши он, интихоби симои қаҳрамонони миллат, ҷойҳои таърихӣ ва нигораҳо, унсурҳои ҳимоявии он сухан намуданд.


Ҳайати Тоҷикистон дар
Конфронси генералии ЮНЕСКО
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ, раиси Комиссияи миллии ҷумҳурӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Самарқанд иштирок намуд.
Маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канории он сарварони давлату ҳукуматҳо ва дигар намояндагони кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд.


Иштироки раиси Палатаи ҳисоб дар Конгресси XXV INTOSAI
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Палатаи ҳисоб Ҷамшед Каримзода дар Конгресси XXV Созмони байналмилалии мақомоти олии аудит (INTOSAI) дар шаҳри Шарм-аш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср (ҶАМ) иштирок дошт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ифтитоҳи чорабинӣ Сарвазири ҶАМ Мустафо Матбулӣ иштирок ва суханронӣ намуда, нақши мақомоти олии аудитро дар таҳким ва рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзои Созмон муҳим арзёбӣ намуд.


Истеҳсоли зиёда аз 4,4 миллион тонна семент
Тибқи маълумоти Агентии омор, дар нуҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 512,1 ҳазор тонна зиёд аст.
Дар маҷмуъ, иқтидори солонаи корхонаҳои сементбарории ҷумҳурӣ беш аз 6 миллион тонна буда, ҳамасола зиёда аз 4,4 миллион тонна семент истеҳсол мешавад.


ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ
Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ
Дар шаҳри Риёз байни ҳукуматҳои ҷумҳурии мо ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳимоя Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, санади мазкур баъд аз мулоқоти раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо роҳбари Мақомоти мудофиаи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ҳамуд ал-Фараҷ ба имзо расид.


Густариши ҳамкориҳои Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ
Дар шаҳри Пусани Корея бо ташаббуси котиботи Форуми ҳамкории Корея ва Осиёи Марказӣ дар доираи нахустин Саммити ҷаҳонии сайёҳии шаҳрӣ сессияи махсус дар мавзуи «Ҳамкорӣ барои рушди сайёҳӣ байни Корея ва Осиёи Марказӣ» доир гашт.
Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар додааст, ки дар он намояндагони соҳаи сайёҳӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, доир ба имкониятҳои сайёҳии кишвари худ сухан ронданд.


Мутахассисони тоҷик дар ҳамоиши байналмилалӣ
Дар шаҳри Тошкент чорабинии сатҳи баланди Маркази байналмилалии омӯзиш ва тадқиқи ҳифзи мерос (ICCROM) таҳти унвони “CollAsia–2025: Мушоҳида, ҳуҷҷатгузорӣ ва ташхиси коллексияҳо” баргузор шуд, ки дар он мутахассисони тоҷик иштирок намуданд.
Ба андешаи директори Осорхонаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Фаридун Кенҷазод иштироки мутахассисони тоҷик дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, ки робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо марказҳои пешқадами ҷаҳонӣ боз ҳам густариш ёбанд.