Баргашт Чоп кардан

“ШОҲНОМА”-И АРМУҒОНӢ БА МО ҲАМ РАСИД


Инак, “Шоҳнома”-и армуғонии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз хомаи фархундафари ҳаким Фирдавсӣ таровидааст, ба хонаводаи мо ҳам расид. Шом баъди соати корӣ хона расидам, ки фарзандонам ду ҷилди ин шоҳасарро ба зӯр бардошта, ба пешвозам баромаданд. Шодии онҳоро ниҳояте набуд. Азбаски ҳамеша барои онҳо китобчаҳои ба солашон мувофиқ мехаридам ва онҳо медиданд, ки дар охири муомила бо фурӯшанда пул медиҳам, бо хурсандӣ мегуфтанд: “Падар, ин китобҳои калон бепул будаст. Ду амак, оварданду ин ройгон гуфтанд”.
Бо нармӣ фаҳмондам, ки ройгон ҳамон бепул гуфтан аст. Инро бобои Эмомалӣ Раҳмон барои шумо чун туҳфа фиристодаанд. Баробар хитоб карданд: – "Рост?"
Гуфтам: – "Рост!"
Дар ҳақиқат, “Шоҳнома” барои хонаводаи мо бештар аз сӣ сол боз ошност. Ҳеч аз ёдам намеравад, ки бобоям Муҳаммадшариф ҳангоми хонандаи синфи 6 будан, китоби “Достонҳои “Шоҳнома”-ро муаррифӣ карда, як моҳ муҳлат дода буд, то хонда ба поён расонам. Баъзе аз достонҳои машҳури онро нависандаи номвари тоҷик Сотим Улуғзода ба наср гардонда буд, то баҳри мардум даркаш осонтар шавад.
Бобоям зуд-зуд сари ҳар қадам ёдрас мешуд: “Номи туро номҳои қаҳрамонҳои “Шоҳнома” интихоб кардаам. Дар бораи Бузургмеҳр, вазири донои Анӯшервони одил дар “Шоҳнома” достони алоҳида аст. Бузургмеҳр кашшофи рози шоҳмот буда, ихтироъгари бозии нард мебошад”.
Баъди расо 25 сол аввалин фарзанди мо ба дунё омад ва бобоям номи ӯро ҳам аз “Шоҳнома” баргузид ва Манижа ном ниҳод, қаҳрамони достони “Бежан ва Манижа”. Ва имрӯз Манижа соҳиби ду ҷилди калони “Шоҳнома” шуд.
Ин ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собиқа нест. Дуруст аст, ки дар ҳамаи давлатҳои эътирофшудаи дунё китоб чоп мекунанд, барои тарғиби китоб аз ҳама шеваҳо кор мегиранд, китобҳоро дар шакли намоиш, овоӣ ва ороёфта бо аксҳо пешниҳод менамоянд, аммо таърих кам дар ёд дорад кишвареро, ки роҳбари он китобро чоп ва ройгон тақсим намояд. Ходимону масъулони шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо 2 миллиону 700 ҳазор нусха “Шоҳнома”-ро то ба дари хона бибаранд, гоҳе такроран ба даргоҳатон оянду дар кӯбанд, аммо касе боз нанамояд. Боз ба ҳамсоя диҳанду хоҳиш кунанд, ки китобҳо ба соҳибони манзил расад (шоҳиди чунин рухдод шудем). Чунин муносибати як Сарвари фардоандешро камоли бузургворӣ медонам.
Аз рӯи инсоф, дар кадом сохтори ҳукумате барои хондани китоб, қироати шеър, сурудани таронаҳо, иҷрои наво ва сурудҳои пешин, навохтани созҳои мусиқии кайҳо ихтироъшуда, тасвири манзарае, чеҳрае, кӯчактарин ихтироъ, ҳалли ин ё он масъалаи кайҳо ҳалшуда, барои боз кардани формула ва қонунҳои кимиёиву физикӣ ва риёзии кайҳо кашфшудаву сидқёфта аз 10 ҳазор то 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо менамоянд (ишора ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат”)?
Касе китоби бисёр хонад, соҳиби эҳтиром гардида, ба дилхоҳ донишкадаву донишгоҳ шомил мешавад, дар деҳа ё ноҳияи хеш бо гулдастаҳо, навои карнайу сурнай пешвоз мегиранду зери пояш пояндоз меандозанд. Чунин амали хайрхоҳона дар ҳеч замоне нашудааст.
Дар ҳама давлатҳо, хоҳ пешрафта, хоҳ рӯ ба пешравӣ ва хоҳ қашшоқ, хондани китоб ҳатмӣ аст ва касе нахонд, дар кӯчаҳо бекасу бенаво мемонаду бас. Масалан, дар Ҳиндустон баровардани саводи нахустин, мисли хондану навиштан дар мактабҳо ба миллионҳо кас дастрас нест. Сад касу дусад кас не, барои миллионҳо кӯдак таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ орзуву афсона боқӣ мемонад. Барои дохил шудан ба одитарин муассиса бо камтарин шароити таҳсил маблағи ҳангуфт ва донишу малакаи баланд зарур аст. Дар мо бошад, таҳсилро соле пеш дар синфҳои 9-11 ҳам ҳатмӣ эълон карданд ва маблағи хониши ду соли дигарро ҳам давлат мепардозад.
Ин иқдомҳои пурибрати Сарвари кишвари мо як чизро бозгӯ мекунад: шаҳрвандони ин мамлакат бояд хонандаву донанда бошанд, хониш ба дониш ва дониш ба огоҳӣ мерасонад, аммо баъди ин ҳама ибтикор низ нахонанд, дар чорсӯи зиндагӣ бе илму амал монанд, дигар ҷурм ҷурми худи бошандагони ин сарзамин аст. Шахсан агар фарзандони ман дониш нагиранд, китобро дӯст надоранд, ҳадди ақал ду забони хориҷиро надонанд, ҳеҷ гоҳ аз гиребони касони дигар намегирам, чунки дида истодаам, ки ҳама чиз барои таҳсили онҳо муҳайёст. Аз замони таҳсили ман, ки ба охирин соли асри ХХ, соли 1999 рост омада буд, замони инҳо аз замин то осмон фарқ мекунад. Мо бидуни китобҳои зарурӣ, асбоби аёнӣ, бидуни омӯзгорони даркорӣ хондем. Ёдам ҳаст, ки аслан як омӯзгори фанни мусиқӣ дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва касбу ҳунар ҳам бо мо буд. Хониши чор соли аввалро дар вагонҳо гузарондем.
Ҳоло бо арзонтарин нархи иҷора (аз 1 то 5 сомонӣ) китобҳои хушсифати дарсӣ муҳайёст, омӯзгорони забонҳои русиву англисӣ яке 10 сол (русӣ) ва дигаре 9 сол (англисӣ) ба кӯдакон дарс мегузаранд. Дар ҳама фанҳо ихтисосмандон дарс мегӯянд. Таъмини моҳонаи омӯзгор ва сохтани муассисаҳои нав дар дӯши давлат аст. Пас, нахондану дар ҷодаҳои рӯзгор парешон мондани фарзандони ман сад дарсад камбуди ман ва худи онҳост.
Инак, барои худшиносӣ, “Тоҷикон”-у “Шоҳнома” (дар ду ҷилд) зери даст аст, китобҳое, ки то солҳои 90-уми асри ХХ мардум орзуи дар тоқчаи хонаҳои худ доштанро мекарданд. "Қуръон" 50 ҳазор нусха чоп ва ройгон тақсим шуда буд дар соли 2007. Дар бари китоб фитта ҳам буд, то касони камогоҳ ба ин китоби муборак гӯш андозанд, ки беҳтарин қориҳо хонда буданд.
Ва мисле ки барои хондани “Тоҷикон” озмун эълон шуд, инак барои касоне, ки “Шоҳнома”-и армуғониро мехонанд, озмуни дигар эълон шудааст, ки он ҳам ба ҳар пирӯзомада то 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда кардааст. Ба қавли устод Садриддин Айнӣ: "Инак майдону инак гӯй".
Марҳамат, барои як касе, ки мехоҳад хонад, огоҳ бошад, фардои мунаввар созад, ба зиндагии шоиста даст ёбад, боз чӣ зарур аст?


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”