Дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар минтақаҳо, сокинони деҳаи Сори деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент низ ба ободу зебо гардондани рустои худ камар бастанд.
Тавре раиси маҳалла Актамқул Нақибов зимни суҳбат иброз дошт, як гурӯҳ сокинони саховатманд маблағеро, ки барои сафари ҳаҷ ҷамъ карда буданд, ба корҳои ободонӣ сарф намуданд. Аз ҷумла, аз тарафи Рустамқул Раҷабов дар деҳа муассисаи таълимии нав ва бо маблағи Ҷаҳонқул Хӯҷамаҳмедов ва Бахтиёр Қодиров ду пули мошингузар сохта шуд.
Ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тасмим гирифтаанд, ки майдончаи варзишӣ бунёд намоянд. Ҳоло сохтмони он бомаром ҷараён дорад.
– Ин иқдомҳои хайрхоҳона на танҳо шароити зиндагии сокинонро беҳтар намуданд, балки дастрасии онҳоро ба муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагидорӣ осон гардонданд. Ҳамзамон, корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо, тоза кардани ҷӯйборҳо ва шинондани дарахтони сояафкан идома доранд, – иброз дошт Актамқул Нақибов.
Хушоянд аст, ки дар пайравӣ аз ташаббусҳои созанда ва дастгириҳои Роҳбарияти олии кишвар, сокинону соҳибкорон дар ҳар гӯшаю канори мамлакат ба ободу зебо гардондани маҳали худ камари ҳиммат бастаанд. Ҳадаф аз ин иқдомҳо беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, зебо гардондани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоид барои насли наврас ва рушди иҷтимоиву иқтисодии деҳот мебошад.
Муҳаммад АМИН, “Ҷумҳурият”