Баргашт Чоп кардан

ПРОКУРАТУРА. АЗ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ ТО ТАШАККУЛИ МАҚОМОТ


Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба арзишҳои низоми демократӣ рӯй оварда, эъмори давлати соҳибистиқлолро пеш гирифт. Дар натиҷа, марҳалаи нави инкишофи давлатдорӣ оғоз гардид, ки ҷиҳати ба расмият даровардани истиқлоли давлатӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад.
Ҳамон тавре маълум аст, моҳи июни соли 1993 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии 17-уми худ ҳайати Комиссия оид ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ кард. Ҳайати Комиссия бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар барои ҳарчи зудтар таҳия намудани Конститутсия ва дар он ба инобат гирифтани арзишҳои пазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили муҳимтарин принсипҳои демократӣ ва кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар муддати начандон тулонӣ корҳои назаррасро анҷом доданд.
Замони таҳияи лоиҳаи Конститутсия Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор хусусият-ҳои аввалиндараҷаи Конститутсияи нави Тоҷикистонро муайян намуда, пешниҳодҳои муфидро манзур карданд, ки онҳо аз тарафи Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи корӣ ба асос гирифта шуданд.
Дар натиҷаи заҳматҳои пайваста 20-уми июли соли 1994 дар иҷлосияи ХIХ Шурои Олӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва дар амал ҷорӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Дар моддаи якуми ин Қонун пешниҳоди Сарвари давлат оид ба қабули Конститутсия тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дастгирӣ ёфт. Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Қадами дигар ва хеле муҳим дар роҳи бунёди давлати миллӣ, давлатсозӣ ва давлатдорӣ дар кишвар ин ба вуҷуд овардани низоми нави ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Аз ҷумла, дар асоси Конститутсияи мамлакат ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, мавқеи он дар низоми мақомоти давлатӣ, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолият бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ дар кишвар муайян гардидаанд.
Меъёрҳои мазкур имкон медиҳанд, ки мақомоти прокуратура фаъолияти худро самаранок анҷом дода, вазифаҳои вогузоршударо бидуни дахолат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, дигар ниҳодҳои давлатӣ ё шахсони алоҳида ба сомон расонад.
Дар ҳар саҳифаи таърихи даврони навини давлатдории миллӣ нишоне аз талошҳои мақомоти прокуратура дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд сабт шудааст.
Дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бошад, назорати прокурорӣ аз лаҳзаи ошкор намудани ҷиноятҳо то таҳқиқу тафтиш, баррасии судӣ ва адои ҷазои ҷиноятиро фаро гирифта, инчунин, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт аз ҷониби он ба амал бароварда мешавад.
Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура бошад, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон барномаҳои таълимиро амалӣ намуда, дар қатори масъалаҳои матраҳшаванда, инчунин, ба ташвиқи ғояҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ диққати хосса медиҳад.
Ҳоло қобили таъкид аст, ки дар замони ноороми муосир ҳар як шаҳрванди баномуси ин Ватани маҳбуб бояд ба қадри истиқлолу озодӣ, хизматҳои таърихию мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, ба Конститутсия ва қонунҳо эҳтиром гузошта, дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми хешро гузорад.


Ш. НУРАЛИЗОДА,
омӯзгори калони Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1