Баргашт Чоп кардан

«ҶУНТАЙ ХАТЛОН СИН-СИЛУ». САҲМИ ЯК КОРХОНА ДАР РУШДИ СОҲАИ ПАХТАКОРӢ

ҶСП “Ҷунтай Хатлон Син-Силу” яке аз калонтарин корхонаҳои қабул ва коркарди пахта дар вилояти Хатлон буда, дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ёвон барои кишту парвариши ин зироати муҳими саноатӣ беш аз 4 ҳазор гектар заминро дар ихтиёр дорад ва пахта бо усули полиэтиленӣ кишт шуда, тавассути қатрагӣ обёрӣ мешавад.

Корхона дар баробари қабул ва коркарди пахта, ҳамзамон, сехҳои хурди коркарду истеҳсоли тухмии хушсифати пунбадона, лӯлаҳои резинӣ ва плёнка барои кишти пунбадонаро истеҳсол менамояд. Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд соли гузашта қисман хоҷагиҳои пахтакорро бо тухмии хушсифати навъҳои “Дӯстӣ-2” ва “Дӯстӣ-3” таъмин кард. Дар Ҷамъият аз ҳосили пахтаи имсола 500 тонна тухмии хушсифати пунбадона коркард шудааст, ки барои кишт омода мебошад. ҶСП “Ҷунтай Хатлон Син-Силу” имсол бояд зиёда аз 3 ҳазор тонна тухмии хушсифати навъҳои “Дӯстӣ-2” ва “Дӯстӣ-3”-ро истеҳсол намояд. 

Тибқи маълумоти расмӣ, дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол бояд дар майдони 50 ҳазор гектар аз тухмиҳои хушсифати пунбадонаи ин корхона истифода шавад, то деҳқонон ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.

Тавре мутахассисон иброз доштанд, тамоми техникаву таҷҳизоти корхона барои коркард ва истеҳсоли дигар ашёву лавозимот аз Чин ворид ва насб шудааст. Иқтидори корхона танҳо барои коркарди пахта дар як шабонарӯз аз 250 то 300-тоннаро дар бар гирифта, маҳсулоти коркардшуда барои истеҳсол ва омода кардани маҳсулоти пахтагӣ ба корхонаи нассоҷии “Ҷунтай Данғара Текстил Син-Силу” равона мешавад. 

Дар корхонаи ҶСП “Ҷунтай Хатлон Син-Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ 360 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 1600 кас ба корҳои мавсимӣ ҷалб шудаанд.

Дар ин бора мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир иттилоъ дод. Ба маълумоти ӯ, чанде пеш зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶСП “Ҷунтай Хатлон Син-Силу” дидан карда, бо масъулон ва роҳбарияти корхона оид ба ҷамъоварӣ ва коркарди ин ашёи хоми саноатӣ суҳбат намуд. Инчунин, бо фаъолияти бахшҳои алоҳидаи истеҳсолии корхона шинос шуд. 
Раиси вилоят аз фаъолияти корхона ва ҳамкорӣ бо МИҲД вилоят ва ноҳияи Дӯстӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ҳамкориро дар ин самти соҳаи кишоварзӣ бо шарикони чинӣ бештар ба ба роҳ монда, дар усули нави кишти пунбадонаи зери плёнка марҳала ба марҳала ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”