Баргашт Чоп кардан

ЗАФАРОБОД. АВЛАВИЯТ БА САНОАТИКУНОНӢ


Бо мавриди истифода қарор гирифтани се корхонаи хурди истеҳсолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Зафаробод аз 40-то гузашт, ки ин боз як қадами ҷиддӣ ҷиҳати татбиқ кардани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад.


– Бо назардошти он, ки Зафаробод миёни дигар шаҳру навоҳии мамлакат, асосан, чун минтақаи кишоварзӣ маълум аст, табиист, ки аксари корхонаҳои коркард ҳам дар заминаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Яъне, дар Зафаробод, ки ноҳияи пахтакор аст, корхонаҳои коркарди ниҳоии пахта ва бо назардошти равнақи соҳаҳои чорводориву ғаллакорӣ коргоҳҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти шириву гӯштӣ ва нонӣ фаъолият доранд, – иброз медорад Меҳриддин Шарифов, муовини раиси ноҳия ва афзуд. Баъди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мо низ тасмим гирфтем, ки марҳала ба марҳала ба ин самти муҳими иқтисодӣ – саноат рӯ оварем ва бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои хурду бузурги тавлидотиро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.
Корхонаҳои саноатии ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи қариб 114,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 6 миллиону 506,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра корхонаҳои саноатии ноҳия маҳсулоти бозоргир, аз қабили 415,8 тонна гӯшти паранда ва 28,4 тонна панири равғанӣ истеҳсол намуданд, ки қариб сад дарсад содиротӣ мебошанд. Дар ин фосилаи вақт, ҳамчунин, истеҳсоли либоси мактабӣ, равғани рустанӣ ва консерв тамоюли афзуншавӣ дорад.
Соли равон бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия чор корхонаи истеҳсолӣ бо таъсиси 42 ҷойи кор ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани самаранокии иқтидорҳои мавҷуда, бунёди корхонаҳои нав ва таъсиси ҷойҳои кору рақобатпазирии маҳсулоти маҳаллӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Ҷиҳати амалисозии саноатикунонии босуръати кишвар чанд сол мешавад, ки Шурои рушди саноати ноҳия амал мекунад.
– Эътимоди комил дорем, ки номгӯйи зиёди ашёи хоми саноатии ноҳия ба рушди саноат дар ҳамаи самтҳо такони ҷиддӣ хоҳад дод, – гуфт дар суҳбат Муқим Муродзода, раиси ноҳияи Зафаробод.


Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


ХАТЛОН. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ 100 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат ба анҷом расид. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.


Маҳз натиҷаи ҳамкории доимӣ, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо боис гардид, ки сафи ҷавонони ихтиёрӣ, аз ҷумла ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”, ки мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Артиши миллӣ омода менамояд, хеле зиёд ба назар мерасад.
Илова бар ин, шаҳрвандони кишвар имрӯз дастгириву ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати мамлакатро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароитҳои хизмативу маишӣ дар қисмҳои низомӣ бо қаноатмандӣ дарк намуда, барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан сари вақт ба комиссияҳои даъват ҳозир мешаванд.
Ин мавсими чорум аст, ки нақшаи даъват дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат таъмин мегардад.


Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


МУЪМИНОБОД. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОР
Тавре Абдуқаюм Исуфов, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Муъминобод, дар суҳбат гуфт, ба шуъба давоми нуҳ моҳи соли равон 776 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки аз он 291 нафараш зан мебошад.
Дар ин давра шуъба 631 нафар шаҳрванди бешуғлро бо ҷойҳои кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин намуд. А. Исуфов афзуд, ки соли равон 165 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат, аз ҷумла дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, кафшергарӣ, занбӯриасалпарварӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалб карда шуд. Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз ташкили курсҳои мазкур бо шуғл таъмин намудани занон, рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аст.
А. Исуфов иброз дошт, ки дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ноҳия 107 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид. Инчунин, дар ин давра 4 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронда шуд, ки 47 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид. Масъулон дар суҳбат иттилоъ доданд, ки мувофиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бояд 118 нафар тибқи квота бо кор таъмин мешуд, то кунун ин нишондод ба 91 нафар расидааст, ки 77 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат дар ташкилотҳои буҷетӣ ба қайд гирифта нашудааст.


Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


ГУЛИСТОН. БАРДОШТ АЗ ФОРУМИ СЕЮМИ ҶАВОНОНИ ҲАВЗАИ СИРДАРЁ
Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи Сирдарё баргузор шуд.
Чорабинии мазкур бо мусоидат ва ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф”, Маркази Орхус ва Маркази таҳсилоти иловагии назди раёсати маорифи вилояти Суғд ташкил гардид.
Бино ба иттилои Икромҷон Мамадов, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф”, дар кори форум беш аз 260 нафар “Нозирони сабз” аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Мавсуф зикр кард, ки дар таърихи баргузории чунин ҳамоишҳо, бори аввал ҷавонони се кишвар ҷамъ омада, иродаи худро барои ҳамкории муштарак ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва иқлим изҳор намуданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”


«АНДАЛЕБ-2025». ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Чанде пеш маросими ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» доир шуд.
Зимни ҷоизасупорӣ Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг, иброз намуд: “Соҳаи фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он дар асоси дурнамои давлатӣ, барномаҳои рушди соҳа амалӣ мегардад. Бо мақсади рушду такомули соҳаи фарҳанг ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои судманду саривақтӣ роҳандозӣ мешаванд. Фестивал-озмун рақобати солими эҷодӣ буда, новобаста ба ишғоли ҷойҳо, ҳамаи 12 шаҳру ноҳияе, ки ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд, ба радаи аввалини беҳтарин дастаҳои ҳунарии мамлакат ворид гардиданд”.
Имсол ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ - «Андалеб-2025» гардиданд. Ҷойи якумро ҳаваскорони санъати шаҳри Кӯлоб, се ҷойи дуюмро ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва ноҳияи Файзобод ба даст оварданд. Се ҷойи сеюм насиби ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ноҳияи Рӯшони ВМКБ ва шаҳри Ҳисор гашт.
Ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни даври ниҳоии Фестивал-озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанг бо диплом ва мукофотпулӣ қадр гардиданд.


З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


ПЕШВОЗИ АСКАРОН. МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА АРҶГУЗОРӢ БА САРБОЗОНИ ВАТАН
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон, ки тарбияи ҷавонони ватандӯст ва бедорсозии эҳсоси миллӣ дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад, ҳар иқдоме, ки ба арҷгузорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пос доштани фарзандони далери миллат равона мегардад, аҳамияти тарбиявӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Бо ҳамин ҳадаф, дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешвози аскарони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда баргузор шуда истодааст.
Яке аз чунин иқдоми ибратомӯз дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр маросими тантанавии пешвози сарбози ҷасур, фарзанди шуҷоу ватандӯст Абдураҳмоналӣ Аъзамзода баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба сарбоз Абдураҳмоналӣ Аъзамзода барои адои хизмати намунавӣ сипоснома, ба падару модари ӯ раҳматнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Ин иқдом дар дигар шаҳру навоҳии вилоят идома дорад. Чунончи, дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт маросимҳои пуршукӯҳи пешвози аскарон бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллӣ, фаъолони ҳизб, падару модарон ва ҷавонони ватанпарвар баргузор гардида, ба аскарон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда мешаванд.
Имрӯз, дар замони тағйирёбии ҷаҳон ва таъсири равандҳои иттилоотӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан вазифаи муҳим аст.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”