Баргашт Чоп кардан

«ТИЛЛО» АЗ БАРГИ ДАРАХТУ БУТТАҲО

Ҳар сол бо фарорасии мавсими хазонрез дар бисёр маҳаллаю деҳаҳо шоҳиди он мешавем, ки аҳолӣ бо баҳонаи халос шудан аз партов хазони дарахту буттаҳоро месӯзонанд. Дуди ғализи баргу пояҳои нимсӯхтаи рустаниҳо ба фазо печида, ба муҳит таъсири манфӣ мерасонад.


Ин гуна «дӯстдорони тозагӣ» бехабар аз онанд, ки бо чунин рафторашон на танҳо боиси олудагии ҳавою нороҳатии дигарон мешаванд, балки заминро аз нурии табиӣ (органикӣ) маҳрум месозанд.
Воқеан, далели собитшудааст, ки арзиши барги дарахтону пояи рустаниҳо барои замин мисли тиллост. Ба ҷойи сӯзондани онҳо тавассути компост хобондан аз ин «партов» метавонем нурии органикии барои ҳосилхезии замин зарурро бигирем. Дар таркиби компост тамоми элементҳои барои нашъунамои зироатҳо зарур мавҷуданд. Илова бар ин, замини компостдор нарм шуда, намиро муддати дароз нигоҳ медорад.
Кишвари мо 93 дарсад кӯҳсор буда, дар ҳамон 7 фоизи боқимонда шаҳру деҳот, роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва иншооти гуногун ҷой гирифтаанд. Аз ин рӯ, майдони кишти зироатҳо торафт кам мешавад. Мо бояд аз ҳамин замини мавҷудаи кишт ҳосили баланд рӯёнем, то ки муҳтоҷи воридоти маҳсулоти озуқаворӣ нашавем.
Барои гирифтани ҳосили баланд ҳосилхезии замин нақши асосиро мебозад. Ба замин андохтани нуриҳои органикӣ, ба монанди поруи пӯсидаи чорвою паранда ва компост (пӯсидаи баргу пояи рустаниҳо) шарти асосии ҳосилхезии замин мебошад. Аз ин рӯ, баргу пояи дарахту буттаҳоро насӯзонда, онро дар майдончае ё канори замини кишт ҷамъ карда, хокпӯш намудан лозим аст. Сокинони деҳот метавонанд барги дарахтро дар гӯшаи ҳавлияшон ҷамъ намуда, аз болои онҳо хок ва ё беҳтараш лойи ҷӯйбор бирезанд. Лойи ҷӯйбор дар таркибаш кирми лойхӯраки зиёд дорад, ки раванди ба хоки ҳосилхез табдил додани баргу пояҳоро метезонад. Бо ин роҳ, ҳам ҷӯйҳо сари вақт тоза мешаванд, ҳам сокинон тавассути гирифтани компост барои ҳосили солҳои оянда замина мегузоранд. Аз тарафи дигар, ҳоҷат ба истифодаи зиёди нуриҳои минералӣ намемонад.
Мувофиқи талаботи моддаи 231 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Риоя накардани талаботи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми ҷамъоварӣ ва сӯзондани партовҳо) «Барои риоя накардани қоидаҳои ҷамъоварӣ ва сӯзондани партовҳо, риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми дар ҳавои кушод сӯзондани маводи сӯзанда ва масолеҳи бинокорӣ зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ ва дигар корҳо, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чилу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад».
Аз ин рӯ, баргу пояҳоро насӯзонда, беҳтараш аз онҳо «тилло» гиред.


Сайфиддин СУННАТӢ,
Аълочии фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон