CentralAsia (CA). Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Туркия, дар пайи музокироте, ки аз 25 то 30-юми октябр дар Истанбул бо миёнаравии Туркия ва Қатар баргузор шуд, Афғонистон ва Покистон барои тамдиди оташбас ба созиш расиданд.
Ҷонибҳо, инчунин, ба мувофиқа омаданд, то як механизми назорат ва санҷишро таҳия кунанд, ки ҳифзи сулҳ ва таъини ҷазо алайҳи вайронкоронро таъмин намояд. Шартҳои минбаъдаи татбиқи оташбас дар нишасти навбатии сарварони ҳайатҳо, ки 6-уми ноябр дар Истанбул баргузор мешавад, баррасӣ хоҳанд шуд. Туркия ва Қатар омодагии худро барои идомаи миёнаравӣ барои ноил шудан ба сулҳу суботи пойдор изҳор доштанд.
Трамп: «ИМА ба созиши дарозмуддат бо Чин умед дорад»
Газета.ru. Бино ба иттилои ТАСС, Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки ИМА умедвор аст бо Чин ба созиши дарозмуддати тиҷоратӣ ноил шавад. Дар баробари ин, ӯ изҳори бовар кард, ки дар ояндаи наздик масъалаи содироти лӯбиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба манфиати хоҷагии қишлоқи ИМА ҳалли худро меёбад ва ба фермерҳои амрикоӣ пешниҳод намуд, то тракторҳои калонтар ва бештар замин бихаранд.
Ба гуфтаи Президенти Амрико,ӯ мехоҳад боҷҳои иловагии гумрукии қаблан ба колоҳои чинӣ ҷоришударо бо баҳонаи талошҳои гӯё нокофии Пекин барои мубориза бо қочоқи фентанил лағв намояд.
30-юми октябр Си Ҷинпин ва Доналд Трамп дар Ҷумҳурии Корея гуфтугӯ карданд. Дар пайи ин дидор ӯ бархе аз тарофаҳоро коҳиш дод, тавофуқи нави тиҷоратӣ эълом намуд ва аз тавофуқ барои ҳалли муштараки буҳрони Украина бо Чин хабар дод.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин низ аз натиҷаи ин вохӯрӣ хушнуд шуд ва азм дорад, ки ҳамкориро бо Трамп барои шукуфоии ду кишвар идома диҳад.
Русия эълом дошт, ки омода аст дар мактабҳо ба таълими 12-сола гузарад
РБК. Владислав Гриб, муовини котиби Палатаи ҷамъиятии Русия, ба АИР «Новости» гуфт, ки Русия омода аст ба низоми таҳсилоти 12-сола дар мактабҳо гузарад. Ӯ зикр кард, ки шумораи хонандагони синфҳои якум дар кишвар кам мешавад, аммо ин набояд ба теъдоди омӯзгорон таъсир расонад.
Гузариш ба таълими 12-сола ба нигоҳ доштани ҳайати омӯзгорон мусоидат мекунад ва, инчунин, имкон медиҳад, ки хатмкунандагон аз синни 18-солагӣ ба донишгоҳҳо дохил шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ғояи таълими 12-солаи мактабӣ, аллакай, амалӣ шуда истодааст: соли хотимавии муассисаҳои томактабӣ метавонад тайёрӣ ба мактаб ҳисобида шавад. "Ташкили чунин барномаҳо, бахусус барои шаҳрҳое, ки шумораи аҳолиашон беш аз як миллион нафарро ташкил медиҳад, имконпазир аст", – шарҳ дод ӯ.
Мақомоти ИДМ хатари афзояндаи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон. Ҷараёни интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон афзоиш меёбад ва қочоқчиёни маводи мухаддир барои убур аз марз бо Тоҷикистон мубориза мебаранд.
Инро Александр Манилов, раиси Хадамоти ҳамоҳангсозии Шурои фармондеҳони неруҳои марзии ИДМ, зимни мулоқот дар Манас изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҷараёни интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон дар моҳҳои охир афзоиш ёфтааст ва қочоқчиён кӯшиш менамоянд, ки аз марзи Тоҷикистон гузаранд ва роҳҳои нав таъсис диҳанд. "Мо, инчунин, ҷараёни интиқоли маводи мухаддирро дар минтақаи Хазар, аз ҷумла тавассути Эрон ба Озарбойҷон, таъкид мекунем. Ин унсурҳои наве ҳастанд, ки ҳангоми таҳлили вазъият дар марзҳои беруна бояд ба назар гирифта шаванд. Мо чораҳоеро, ки бояд барои тақвияти амнияти сарҳад дар марзҳои беруна андешида шаванд, муфассал баррасӣ намудем", – гуфт Манилов.