Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) яке аз масъалаҳои муҳими давлатӣ мебошад, ки аз бисёр ҷиҳат мавқеи шаҳрвандро дар ҷомеа муайян мекунад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин масъала мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор гирифта, ҷиҳати ба низоми муайян даровардан ва такмилу ба замони муосир мутобиқ гардондани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бо ин мақсад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт. Перомуни Қонуни мазкур, зарурати қабули он ва ҳолатҳои фарқкунандаи Қонуни нав аз санади то ҳол дар ин самт мавриди амал қарордошта сардори раёсати адлияи ВМКБ генерал-майори адлия Алихониён Қаландарбек ибрози назар намуд.
Номбурда зимни шарҳи санади мавриди назар зикр намуд, ки то ҳол низоми бақайдгирии ҳолати шаҳрвандиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳола-ти шаҳрвандӣ”, ки аз соли 2006 мавриди амал қарор дошт, муайян мекард. Қонуни нав, ки аз аввали соли равон қабул гардид, асосан, камбудиву норасоиҳои дар қонуни пештара ҷойдоштаро бартараф менамояд. Ин иқдом, ҳамчунин, ҷавоб ба ниёзҳои замони рақамигардонӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ буда, ҳадафи он беҳтар намудани хизматрасонии давлатӣ ба шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи шаффофият дар қайди ҳолатҳои шаҳрвандӣ мебошад. Тағйироту иловаҳои муҳиму зарурии Қонуни нав муқаррароти ҳуқуқии марбут ба бақайдгирии таваллуд, никоҳ, талоқ, марг ва дигар ҳолатҳои шаҳрвандиро бо равиши замонавӣ танзим мекунад. Аз ҷумла, дар Қонун ворид намудани маълумот ба низоми рақамӣ, сабти электронии аснод ва имкони ҳамоҳангсозии маълумот бо дигар мақомоти давлатӣ пешбинӣ шудааст. Ин иқдом ба осон шудани хизматрасонӣ, сарфаи вақт ва ҳифзи боэътимоди маълумоти шахсӣ мусоидат менамояд.
Таҳкими ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ва оилаҳои осебпазир дар Қонуни нав аз самтҳои муҳим маҳсуб меёбад. Чунончи, тибқи Қонуни нав ҳангоми гирифтани шаҳодатномаҳои таваллуд ва вафот шаҳрвандон дар ҳолатҳои муайян аз пардохти хизматрасониҳои иловагӣ озод мешаванд. Ҳамчунин, дар мавриди хизматрасониҳо ба кӯдакони ятим ё бепарастор ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ масъулияти бештар вогузор мегардад.
Ном ва насаби тоҷикона ифтихори миллӣ буда, Қонуни нав имкони интихоби ном, насаб ва номи падарро бо назардошти фарҳанг ва суннатҳои миллӣ равшан муайян намудааст. Волидайн метавонанд номҳои мувофиқ ба забони давлатӣ ва арзишҳои фарҳангии тоҷикро интихоб кунанд, ки ин амр ба таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат менамояд.
Алихониён Каландарбек зикр кард, ки татбиқи пурраи Қонун танҳо дар шароити ҳамкории зичи мақомоти адлия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеа имконпазир аст. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи талаботи Қонун ва тартиби нави бақайдгирӣ яке аз вазифаҳои муҳими рӯз ба шумор меравад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”