Баргашт Чоп кардан

КОНСТИТУТСИЯ ВА ҚОНУНИ ТАНЗИМ. АЗ МАҲСУЛИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ ТО РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ


Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.
Ин ҳуҷҷати тақдирсоз, ки бори нахуст 6-уми ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос намуд.
Дар сатҳи Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст, ки мавҷудияти ин меъёр баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад ва дар айни замон шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошта истодааст.
Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар як сокини мамлакат аст, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшанд ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастаанд арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Дар сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».
Дар заминаи татбиқи меъёру ҳадафҳои бунёдии Конститутсия 8-уми июни соли 2007 бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ба рафъи мушкилоти мардум мусоидат намуд.
Бо қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ баргузории маъракаҳо давра ба давра танзим гардид. Дар давоми зиёда аз 18 соли амал бо назардошти дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва набзи ҷомеа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаш маротиба (16-уми июни соли 2008, 21-уми июли соли 2010, 30-юми майи соли 2017, 28-уми августи соли 2017, 25-уми июни соли 2021 ва 20-уми июни соли 2024) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
То замони қабули Қонуни мазкур аксари расму оин ва маросим бештар моҳияти зиёфат, таом додану таом хӯрданро ба худ гирифта буданд ва маҳз ҳамин омил ҷаҳонбинӣ ва маърифати мардуми моро таҳти таъсир қарор дода, боиси зоҳирпарастӣ ва исрофкории аз ҳад зиёд мегардид.
Ҳоло бошад, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин санади муҳими ҳуқуқӣ шароити мусоиди баргузории маъракаҳоро фароҳам овардааст. Шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки бо беҳтар кардани шароити зист ба тарбияи фарзандони худ диққати бештар диҳанд.
Ин ғамхориву талошҳои давлату Ҳукумат натиҷаҳои назаррас ба бор овард ва дар кишварамон насле ба камол расида истодааст, ки соҳиби дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, забондон ва соҳибмаърифат мебошанд, дар арсаи байналмилалӣ аз давлату миллат намояндагӣ доранд ва барои тараққиёту ободии Ватани азизамон содиқона хизмат мекунанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.
Вобаста ба ин, ҳар яки мо – сокинони мамлакат набояд фаромӯш кунем, ки эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо вазифаи ҷониву виҷдонии мост.


Илҳом ДОДАРЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон