Баргашт Чоп кардан

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АРЗИШҲОИ БУНЁДИИ ОН АЗ НИГОҲИ СИЁСАТМАДОРОНИ ХОРИҶӢ


Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 31 соли амал нишон дод, ки он ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, дар заминаи меъёрҳои он мамлакати мо ба шоҳроҳи рушду тараққиёти худ ворид гардид. Ин санади олии ҳуқуқӣ истиқлоли давлатӣ ва дигар дастовардҳои миллиро аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият дароварда, дар бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, эъмори ҷомеаи сулҳпарвар ва муаррифии Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ нақши босазо гузошт.
Ҳоло тибқи арзёбии мутахассисони дохилӣ, коршиносони дақиқсанҷи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва сиёсатмадорони як қатор давлатҳои хориҷӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки лоиҳаи он дар замони пурошӯби давлатдории навини тоҷикон таҳия гардид, яке аз намунаҳои беҳтарин конститутсияҳои демократиасос унвон мешавад. Барои тақвияти ин гуфтаҳо назари чаҳор сиёсатмадоре манзур мегардад, ки ба арзишҳои бунёдии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд додаанд:

Валентина МАТВИЕНКО,
Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси
федеративии Россия:
– Эҳтиром ва баробарҳуқуқӣ, дӯстии байни ҳамаи халқҳо яке аз принсипҳои асосии сохти конститутсионии Тоҷикистон мебошад. Қонуни асосии кишвар тамоми арзишҳои пешқадамро дар худ фаро гирифта, истиқлоли давлатӣ ва нуфузи Тоҷикистонро дар ҷаҳон таҳким бахшида, заминаи мустаҳкам барои пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди кишвар дар шароити нав гардид.


Танзила НОРБОЕВА,
Раиси Сенати Олӣ Маҷлиси
Ӯзбекистон:
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббускори қабули он Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар рушд ва таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳаёти осоиштаи халқи тоҷик нақши калидӣ мебозад. Айни ҳол, бо роҳбарии оқилонаи Сарвари давлати Тоҷикистон тамоми арзишҳои конститутсионӣ дар ҳаёт татбиқи амалии худро пайдо кардаанд.


Машимбоев Маулен САГАТХОНУЛИ,
Раиси Сенати Парлумони
Ҷумҳурии Қазоқистон:
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти миллӣ дорад, зеро он дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ба ирода ва ормонҳои ҳар як шаҳрванди мамлакат такя мекунад. Ҳуҷҷати зиндаву пурқувватест, ки ба воқеиятҳои тағйирёбандаи замон, аз ҷумла меъёрҳои такмили низоми сиёсӣ ва таҳкими институтҳои демократӣ, мутобиқ аст. Бесабаб нест, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун санади ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун эътироф шудааст.
Ҳоло таҷрибаи Тоҷикистон дар эъмори ҷомеаи конститутсионӣ барои тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қобили таваҷҷуҳ аст.


Сергей ХОМЕНКО,
муовини Раиси Шурои халқии
Ҷумҳурии Беларус:
– Эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини адолат, созгории миллӣ – чунин аст принсипҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асоси рушди бомуваффақият ба ҳисоб меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ ба ҳар шаҳрванди кишвар имкон медиҳад, ки дар зери ҳимояи боэътимоди қонун зиндагӣ кунад. Дар Қонуни асосӣ тамоми таҷриба ва комёбиҳое, ки дар таърихи давлатдории мардуми тоҷик маҳфузанд, инъикос ёфтаанд. Дар асоси он, имрӯз мо мебинем, ки тоҷикон чӣ тавр таърихи муосири кишвари худро эҷод карда истодаанд.


Таҳияи Фирӯз РАҲМОНИЁН,
“Ҷумҳурият”