Баргашт Чоп кардан

КОНСТИТУТСИЯ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ПАРЛАМЕНТАРИЗМ


Имрӯз Парламенти касбӣ ба сифати як шохаи ҳокимият дар таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи навин ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар нақши назаррас иҷро менамояд.
Эмомалӣ РАҲМОН


Имсол аз қабули ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як давраи бисёр ҳассос сурат гирифт, сию як сол пур шуд ва маҳз ҳамин санади олии ҳуқуқӣ давлати моро ба сурати дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, барои анҷоми корҳои басо муҳим замина гузошт.
Яке аз самтҳои муҳими рушди институтҳо – таҳкими парламентаризм, яъне фаъолияти намояндагии мардум тавассути мақоми олии қонунбарор мебошад, ки дар таъсис ва баланд бардоштани мақоми он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят калон аст.
Парламентаризм дар Тоҷикистон пас аз қабули Конститутсия, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф намуд, ба марҳалаи нав ворид гашт. Воқеан, ин падидаи сиёсӣ ба таври воқеӣ баъд аз қабули Конститутсия ташаккул ёфт. Қонуни асосӣ мақомоти олии намояндагӣ ва қонунбарорро – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд.
Мувофиқи Конститутсия, Маҷлиси Олӣ аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст ва ин сохтор яке аз нишонаҳои муҳими рушди парламентаризм дар Тоҷикистон мебошад, зеро имкони васеи намояндагии минтақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоиро фароҳам меорад.
Дар айни замон, Парламенти Тоҷикистон на танҳо қонун қабул мекунад, балки фаъолиятҳои зеринро ҳам назорат менамояд, аз ҷумла:
- таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
- ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
- тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
- ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
- тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
- таъини раъйпурсӣ;
- таъсиси судҳо;
- тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
- тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
- тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
-муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
- муайян намудани маоши Президент;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Бо ин роҳ, парламентаризм дар Тоҷикистон тадриҷан аз як шакли рамзӣ ба як ниҳоди фаъоли сиёсӣ табдил ёфт.
Чуноне ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қайд намудаанд: «Имрӯзҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо масъулияти баланд ва эҳсоси ифтихори миллӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва пешбурди сиёсати созандаи Сарвари давлат талош варзида, дар рушди парламентаризми миллӣ саҳми шоён мегузоранд».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад. Тавассути интихоботи озод ва шаффоф, шаҳрвандон метавонанд намояндагони худро ба Маҷлиси намояндагон интихоб кунанд.
Қонунгузории интихоботӣ дар заминаи Конститутсия таҳия шуда, ҳуқуқи ҳар шаҳрванди аз 18-сола боло барои иштирок дар интихоботро таъмин мекунад.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дошта, ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.
Дар Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро бо такя ба принсипҳои ошкоро, масъулият ва шаффофият пеш мебарад. Баргузории ҷаласаҳои кушода, нашри қарорҳо дар сомонаҳои расмӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо аз нишонаҳои ин раванд мебошанд. Ҳамзамон, рушди парламентаризм дар оянда бо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаманд аст. Конститутсия бо таъмини устувории низоми сиёсӣ ва қонунӣ барои расидан ба ин ҳадаф заминаи қавӣ фароҳам меорад.
Дар маҷмуъ, Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ ва пояи давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон нақши асосӣ дар ташаккули парламентаризм бозидааст. Он бо муайян намудани сохтори қонунбарор, муносибати байни шохаҳои ҳокимият ва кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон, заминаи устувори рушди демократияро гузоштааст.
Дар натиҷа, парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи ибтидоӣ ба сатҳи баланди ташаккул расида, имрӯз ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ва сиёсати устувори кишвар шинохта мешавад.


Барно САИДВАЛИЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ