Баргашт Чоп кардан

САНАДИ ОЛИИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАҲКИМИ АРКОНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ


Имсол ҳамчун солҳои қаблӣ мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар руҳия баланди худшиносӣ ва шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ ботантана ҷашн мегиранд. Ин дар ҳолест, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ пояҳои давлати мустақили моро истеҳком бахшида, дар заминаи муқаррароти он рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву ҳуқуқии мамлакат таъмин гардид.


Дар иртибот ба нақш ва аҳамияти Конститутсия дар марҳалаи нави давлатсозӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр карданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Воқеан, ҷомеаи озоду истиқлолхоҳи мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави инкишоф ворид гардида, то имрӯз дар сиёсати дохилию хориҷӣ ба дастоварду музаффариятҳои беназир ноил шуд. Тавассути ин санади олии ҳуқуқӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи башарӣ эълон намуд, ки ҷонибдори эъмори давлати демократӣ буда, таъмин, ҳимоя ва такмили манфиатҳои миллии хешро ҳадафи аслии худ қарор дода, метавонад дар ҳама ҳолат ин арзишҳоро ҳифз кунад.
Мусаллам аст, ки дар низоми давлатҳои демократӣ яке аз шартҳои асосии таъмини баробарӣ, озодиву адолат аз ҷониби ҳамаи мардум эътироф ва риоя шудани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Ин аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 дар иртибот ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як тасмими дурбинона соли 2024-ро - Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуда буданд. Дар заминаи ин ташаббус, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба давлат, арзишҳои миллӣ ва таъмини волоияти қонун меҳвари асосии он буд, маҷмуи ибтикороти шоиста ва чорабиниҳои зиёди маърифатӣ-ҳуқуқӣ анҷом ёфтанд. Тадбирҳои дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ анҷомшуда, пеш аз ҳама, бори дигар арзиши олӣ будани инсон ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои ӯро собит намуда, ба риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби бештари шаҳрвандон ба касби донишҳои ҳуқуқӣ ва коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат кард.
Ҳоло зарур аст, ки мо дар атрофи арзишҳои бунёдии Конститутсия ҳамчунон муттаҳидӣ нишон дода, дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш ба харҷ диҳем, ки насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун ба воя расад.


Ғозибек САФАРЗОДА, раиси суди ноҳияи Тоҷикобод