Аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки ин ҳуҷҷати тақдирсоз мустақилияти давлатро бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, қувваҳои мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самти фаъолияти мақомоти давлатиро ба низом дароварда, мақоми онҳоро дар низоми давлатдорӣ муайян намуд. Аз ҷумла, баъди қабули ин санади олии ҳуқуқӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳими сохтори ҳокимияти давлатӣ шинохта шуда, ҳамчун ниҳоди татбиқкунандаи адолати судӣ ташаккул ёфтааст.
Мутобиқи моддаи 9 Конститутсия “Ҳоки-мияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”. Чунин муқаррарот дар ҳолест, ки аввалин маротиба дар таърихи сиёсии мамлакат дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудаву ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардид. Гузашта аз ин, боби 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири 9 модда аст, пурра ба суд бахшида шуда, мавқеъю манзалати мақомоти судиро боз ҳам болотар мебардорад.
Конститутсия имкон дод, ки низоми судии мамлакат бо суръати тоза рушд намуда, ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ заминаи боэътимод гузошта шуд. Аз ҷиҳати тарзи ташкилию сифатӣ ва миқдорӣ ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат – Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуданд.
Дар ин робита Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судии кишвар (5-уми декабри соли 2024) чунин зикр карданд: “Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, принсипу меъёрҳои ҳокимияти судӣ муқаррар ва тартиби фаъолияти онҳо мушаххас гардид. Тибқи Конститутсия ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо буда, нақшу мавқеи он дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим аст. Дар ҳамин асос, соли 1995 барои рушду такмили фаъолияти мақомоти судӣ шаш қонуни конститутсионӣ қабул карда шуд. Қонунҳои зикршуда фаъолияти судҳои кишвар ва низоми судии кишварро мукаммал гардонданд. Судяҳо вазифадоранд, ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақилу беғараз бошанд ва қарорҳои судиро танҳо дар доираи талаботи қонун қабул намоянд”.
Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба анҷом расонда шуданд, ки ҳамаи онҳо аз Конститутсия сарчашма мегиранд. Зимнан, мақомоти судӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрванд нақши бориз гузошта, имрӯзҳо низ баҳри таъмини адолати судӣ ва ҳифзи арзишҳои давлативу демократӣ саъю талош намуда, дар фаъолияти худ, пеш аз ҳама, ба Конс-титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такя менамояд.
Диловар САФАРЗОДА, раиси суди ноҳияи Панҷ