Агар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди муътадилсозии вазъи сиёсиву иҷтимоии кишварро оғоз бахшид, таҳия ва қабули Конститутсия фазои мусолиҳа ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаро фароҳам сохт. Маҳз ба шарофати Иҷлосияи таърихӣ аввалин таҷрибаи муассири муоширати давлат бо ҷомеа ва ба эътибор гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ ба вуҷуд омад, зеро меъёри асосии Иҷлосияро афкори созанда ва ҳамгироёна ташкил медод.
Қобили зикр аст, ки нақши халқ ва афкори ҷамъиятӣ зимни таҳия ва қабули Конститутсия дорои авлавият буда, ба ташаккули асосҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ мусоидат намуд. Тавре ки дар ҷилди дуюми китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” зикр мешавад: “Аз тарафи мардум, ба гурӯҳҳои кории таҳиякунандаи лоиҳаи Конститутсия беш аз ҳашту ним ҳазор таклифу пешниҳодҳо манзур гардид ва 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки дар натиҷа чун Конститутсияи мардумӣ аз ҷониби халқ ва яке аз санадҳои олии ҳуқуқии беҳтарин дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шуд”.
Яъне, зимни таҳияи ҳар гуна санад ва қонуну қарорҳои дахлдор ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ аз як тараф ба пойдории он ва аз тарафи дигар ба дарки афкори ҷамъиятӣ дар робита ба масъалаҳои мухталиф замина мегузорад.
Конститутсияи навини Тоҷикистон на танҳо заминаи ҳуқуқиро барои фароҳамсозии шароити муътадилсозии ҳаёти ҷамъиятӣ, балки асос ва дурнамои стратегии идоракунии давлатиро бо дарназардошти нақши мардум фароҳам овард. Дар худи Конститутсия афкори ҷамъиятӣ ҷойгоҳи муҳимро соҳиб буда, муқаррароти он эътирофи аҳамияти халқро ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ инъикос мекунад. Чунончи, моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита муқаррар менамояд: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад».
Бар асоси моддаи 98 раъйпурсӣ шакли ифодаи иродаи халқ мебошад, ки тавассути он ҳатто тағйирот ба Конститутсия ворид карда мешавад. Илова бар ин, интихоботи мунтазами ҳама сатҳҳо (президент, парламент, мақомоти маҳаллӣ) шакли баҳисобгирии афкори ҷамъиятӣ мебошад. Моддаи 30 Конститутсия бошад, озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи васоити ахбори оммаро кафолат медиҳад, ки ташаккул ва паҳн кардани афкори ҷамъиятиро таъмин мекунад.
Ин ва дигар муқаррарот нишон медиҳанд, ки афкори ҷамъиятӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, аҳамияти асосӣ дорад, зеро он ҳамчун манбаи ҳокимият эътироф шуда, механизмҳои институтсионалии ифодаи мавқеи ҷомеаро (раъйпурсӣ, интихобот, ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ) фаро мегирад, инчунин, тавассути ин механизм ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳимоя мешавад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқиест, ки дар он афкори ҷамъиятӣ ва нақши он дар тамоми равандҳои сиёсӣ инъикос ёфтааст ва маҳз ба хотири доштани хусусияти мардумсолорӣ он ҳамчун яке аз беҳтарин конститутсияҳо ба ҳисоб меравад.
М. ШАРИФХОНЗОДА,
мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон