Бо ташаббуси Вазорати адлия дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир гардид.
Дар Форум масъалаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун кафолати конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди қонунгузории маданӣ ва соҳибкорӣ, такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон минбари мувофиқ ва самаранок барои вусъат додани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида, ба рушд ва таҳкими қонунгузории мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дарёфти роҳу усулҳои муосири инкишофи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ташкили муколамаҳои муштарак мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Конститутсия дар баробари танзими масъалаҳои муҳими давлатӣ, барои ташаккул, рушд ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ замина гузошта, ба таҳкими сиёсати ҳуқуқӣ, рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо назардошти рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”