Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок доштанд.
Дилшод Сафарзода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ, зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷомеа дар рушду пешрафти кишвари азизи мо нақши босазо дорад.
Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии давлат маҳсуб ёфта, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва асосҳои сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад. Ҳамчунин, ин санади олии ҳуқуқӣ принсипҳои ташкилёбии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон, системаи интихобиро ба тариқи қонун мустаҳкам намуда, барои қонунгузории ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштааст.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”