6-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп вориди шаҳри Вашингтон шуданд.
Дар Фурудгоҳи ҳарбии Эндрюси шаҳри Вашингтон меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос муовини якуми Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау, ёвари Котиби давлатӣ Пол Капур, муовини роҳбари Протоколи ИМА Эбби Ҷонс ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Хотиррасон бояд намуд, ки сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вашингтон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп сурат мегирад. Дар ин ҷо вохӯрии сарварони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – ИМА» ва дигар чорабиниҳои муҳим баргузор мегарданд.
Дар иқоматгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Вашингтон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДОНАЛД ТРАМП
6-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ – ИМА” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос карданд.
Сарвари давлати мо дар идомаи суҳбат аҳамияти таъмини сулҳро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъкид сохта, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд. Зимни баррасии робитаҳои дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият доранд. Ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳоро ба манфиати кор донистанд.
Таъкид гашт, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории судовар миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир, хеле зиёд аст.
Баррасии масоили вобаста ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз бахшҳои муҳими суҳбат буд.
Табодули судбахши андеша, ҳамчунин, атрофи дигар масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.
“ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ИМА” (С5+1). ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШ
6-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ – ИМА” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаи хешро баён доштанд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” арзёбӣ карданд.
Дар идомаи сухан ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географии Тоҷикистон, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид сохтанд.
Зикр шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳамияти хос зоҳир мешавад. Дар зимн, алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо баён гардид. Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд.
Дар фароварди сухан иброз гашт, ки Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад.