Тоҷикистон дар рейтинги солонаи Беҳтарин сафар дар соли 2026 (Best in Travel 2026) -и нашрияи пешбари байналмилалии Lonely Planet ҳамчун яке аз самтҳои илҳомбахши сайёҳии пиёдагардӣ ва хаймазанӣ дар табиат эътироф шуд.
Дар бахши «Саёҳат ва истироҳати хаймазанӣ дар Тоҷикистон» муаллифон бо маҳорати баланд ҳолати кишварро инъикос кардаанд, ки дар он сайёҳонро кӯҳҳои боҳашамат, табиати нотакрор ва сокинони меҳмоннавози маҳаллӣ истиқбол менамоянд ва фазои беназири саргузаштро ба вуҷуд меоранд. Аз ҷумла дар мақола омадааст: «Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламрави он кӯҳистон аст, бояд бо сайёҳии пиёдагардии кӯҳӣ ҳаммаъно бошад… Кӯҳҳои Фон аз беҳтарин имконоти хаймазанӣ дар фазои кушодаро пешниҳод мекунад…Меҳмонновозии тоҷикон бепоён аст. Ҳатто дар ин ҷо шумо эҳтимол ба даъвати ногаҳонӣ дучор шавед…».
Мақола дар бораи Тоҷикистон аллакай дар платформаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла CNN инъикоси васеъ пайдо кардааст, ки таваҷҷуҳи аудиторияи ҷаҳониро ба имкониятҳои сайёҳии кишвар афзоиш медиҳад.
Шомил шудани Тоҷикистон ба қатори 25 самти беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026 эътирофи сарвату захираҳои табиӣ ва фарҳангӣ, инчунин талошҳои муваффақи давлат оид ба рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори ба он вобаста, рушди сайёҳӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, тайи чанд соли ахир босуръат рушд мекунад. Аз ҷумла, давоми 9 моҳи соли равон 1,2 миллион хориҷӣ Тоҷикистонро тамошо намуд, ки ин нишондиҳанда 33,9 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад, – иттилоъ додааст АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ, бунёду таҷдиди роҳҳо ва таъмини амнияти сайёҳон тадбирҳои мушаххас меандешад. Ҳамзамон, тарғиби зарфиятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ тавассути иштирок дар намоишгоҳҳо ва ташкили чорабиниҳои таблиғотӣ густариш меёбад.
Мавриди зикр аст, ки қаблан ҳам Тоҷикистон чандин маротиба дар раддабандиҳои байналмилалӣ дар сафи кишварҳои муваффақ шинохта шуда буд. Масалан, дар соли 2023, Тоҷикистон ба рӯйхати «Маконҳои беҳтарини сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ» шомил гашта, шоҳроҳи Помир дар соли 2016 дар рейтинги National Geographic ҳамчун яке аз роҳҳои ҷолиби сайёҳӣ ҷойи дуюмро гирифт.
Имрӯз Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ, табобатӣ ва фарҳангиро бо таҳияи хатсайрҳои наву ҷолиби сайёҳӣ таблиғ мекунад ва имиҷи худро ҳамчун яке аз кишварҳои дорои табиати зеботарин ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа тақвият медиҳад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»