Баргашт Чоп кардан

ҶАЙҲУН. РАИСИ ВИЛОЯТ ТАТБИҚИ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ПАЙГИРӢ МЕКУНАД


Дар доираи нақша-чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1-уми ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати боздид ва ифтитоҳи як қатор иншоот, омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти самарбахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, нашъунамо ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои парваришёфта, аз ҷумла сабзӣ, ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом дод.
Раиси вилоят, нахуст, дар деҳаи Навоии деҳоти Ваҳдати Миллӣ роҳи мумфаршгардидаи аҳамияти маҳаллидоштаро, ки 1,4 километрро ташкил медиҳад, ба истифода дод. Тавре иброз гардид, дар амалигардии иқдоми мазкур сокинону соҳибкорони баору номус ва шахсони саховатманд ҳисса гузоштанд. Раиси вилоят бо сокинон суҳбат намуда, иқдоми онҳоро намунаи ибрат ва ташаббуси хайрхоҳона арзёбӣ кард.
Дар идомаи сафари корӣ Давлаталӣ Саид 1,7 километр роҳи аҳамияти маҳаллидоштаи деҳаи Лоҳутиро низ мавриди истифода қарор дод. Зимни маросими ифтитоҳи роҳи мазкур зикр гардид, ки бо ҳамин гуна руҳияи созанда сокинони деҳаи Лоҳутии деҳоти Истиқлол тавонистанд то имрӯз ҳудуди 2 километр роҳи мошингарди деҳаашонро мумфарш намоянд.
Раиси вилоят иқдоми пешгирифтаи ташаббускоронро дар рушду пешрафти як гӯшаи диёр шоиста арзёбӣ кард.
Бо иштироки раиси вилоят 1,2 километр роҳи деҳаи Орзуи деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, ки солҳои зиёд ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва бо ҳиссагузории соҳибкорону ҳашари дастаҷамъонаи сокинон мумфарш гардид, ба истифода дода шуд. Сокинони деҳот аз анҷоми чунин тадбири ободонӣ, ки барои рушди маҳал, махсусан ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар ҳама фаслҳои сол мусоидат мекунад, хушнуд гардида, ҳавасмандиву омодагии хешро барои амалӣ намудани дигар корҳои созандагӣ баён доштанд.
Дар идома, раиси вилоят аз шароити кунунии шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун дидан намуда, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоти ҷойдоштаи беморхона ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо иштироки Давлаталӣ Саид дар назди МТМУ № 22-и ноҳияи Ҷайҳун бинои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд. Иншооти соҳаи маориф бо дастгирии МИМҲД ноҳия ва бо саҳми сокинону соҳибкорон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, аз 6 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Раиси вилоят иқдоми ташаббускоронро дар рушди соҳаи маориф ва таъмини толибилмон бо шароити хуби дарсомӯзӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Дар идомаи сафари корӣ Давлаталӣ Саид дар хоҷагии деҳқонии “Сомона”-и деҳоти Панҷ ба нашъунамо ва ҷамъоварии ҳосили сабзӣ шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки бо мусоид омадани боду ҳавои имсола ва дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисон ҳосилнокӣ аз ҳар гектар дар хоҷагии деҳқонии “Сомона” аз 400 то 500 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар охир раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти нави истеҳсолӣ, омодагии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои Сарвари давлатро расонд.


Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"