Дар доираи баррасии сеюмин Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) доир гардид.
Сироҷиддин Икромӣ барои ҳамкории судманд, дастгирии техникӣ ва машваратии доимӣ ба ҳайати ХБА изҳори сипос намуда, аҳамияти ҳамкории созанда бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалиро дар татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва таҳкими суботи макроиқтисодӣ таъкид кард. Зикр шуд, ки Барномаи PCI барои рушди ниҳодӣ, баланд бардоштани сатҳи эътимод ба низоми молиявӣ ва мутобиқсозии меъёрҳои миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад.
Дар идомаи дидор ҷонибҳо доир ба натиҷаҳои Барномаи мазкур нақшаҳои минбаъда, инчунин, оид ба ислоҳоти соҳаи суғурта, дастовардҳо ва дурнамои рушди он ва рақамикунонии низоми бонкию суғурта табодули назар намуданд.
Таъкид шуд, ки дар низоми суғуртаи кишвар тайи солҳои охир нишондиҳандаҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ баланд гардида, бунёди инфрасохтори муосир, такмили қонунгузорӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои суғуртавӣ, таҳкими идоракунии корпоративӣ ва анҷом додани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ бомаром идома дорад.
Ҳамзамон, як қатор ислоҳот, аз ҷумла дар самти таҳкими самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, ҷорӣ намудани механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ ва ба роҳ мондани мониторинги ҳаррӯзаи он аз рӯйи ташкилотҳои қарзӣ муваффақона иҷро гардида, ба рушди хизматрасониҳои рақамӣ, тақвияти инфрасохтори муосири низоми пардохт, татбиқи платформаҳои миллии RTGS ва QR-рамзҳо, ҳамчунин, ташкили “Маркази миллии ҳамгироии пардохтҳо” таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад.
Сироҷиддин Икромӣ изҳор дошт, ки ҳамаи ин иқдому тадбирҳо, аз ҷумла рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори пардохт, такмили низоми суғурта ва ҳамкории техникии байналмилалӣ ҳадафи ягона дошта, ба таҳкими низоми устувор, шаффоф ва рақобатпазири молиявӣ нигаронда шудаанд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҳамкории судманд миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ба рушди устувори низоми молиявӣ ва иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»