Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳурматзода Иззатулло Зариф муовини сардори Хадамот, иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши муассир дорад.
«Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст, зеро дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт», – афзуд Ҳурматзода Иззатулло.
Дар ҷамъомад як қатор маърузачиён оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ карда, иброз доштанд, ки Конститутсия бахтномаи миллати тоҷик ва риояи талаботи он заминаи пешрафти давлат ва хушбахтии ҷомеа мебошад.
Дар фарҷом Ҳурматзода Иззатулло ҳамаи кормандони мақомоти гумрукро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид намуд, ки ин санади муқаддас барои таҳкими сулҳу субот, рушди ҷомеаи адолатпарвар ва ҳаёти осоишта замина мегузорад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”