Баргашт Чоп кардан

ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР. ТАНТАНАИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ


Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз санадҳои қадимтарин, сарчашмаи нодири ҳуқуқӣ-таърихии мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷику форс, оид ба рушди давлатдорӣ мебошад, ки дар он кӯшиши таҳияи модели давлатдорӣ дар асоси арзишҳои маънавие, ки аз ҷониби ниёгони мо тули таърихи чандинҳазорсола гузошта шудааст, дарҷ ёфтааст. Дар робита ба ин мавзуъ, Фаридун Кенҷазод, омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, андешаҳояшро чунин баён намуд:
– Миллати тоҷик таърихи қадимаву ибрат-омӯз дошта, аз азал бо арзишҳои инсондӯстӣ, муносибати хайрхоҳона, мероси илмӣ ва фарҳангӣ шуҳрат ёфтааст ва бисёр анъанаву суннатҳои неки онҳо ба хазинаи маънавии умумибашарӣ ворид шудаанд. Аз чунин мероси гаронарзиши ниёгони тоҷикон, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ нақши нодир дорад, нахустин санад доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар Силиндр, Устувона, Маншур ё худ Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Ҷомеае, ки имрӯз дар Ғарб ва Шарқ бунёд ёфтааст ва ҳам дар ибтидои бунёд гаштан мебошанду ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстона номида мешаванд, дар асоси ин Эъломия ташкил шудаанд. Дар ин замина, ҳоло унсурҳои демократия, қонунмеҳварӣ, аз қабили адлу инсоф, мардумсолорӣ, ҳимояи ҳуқуқи башар ва идораи одилонаи ҷомеа, аз масъалаҳои муҳими ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд, ки ҳамаи онҳо аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир сарчашма мегиранд. Албатта, имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки илми ҳуқуқшиносии Ғарб қонунҳои асосии худро сарчашмаи ба вуҷуд омадан ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморанд. Лекин, таърих гувоҳ аст, ки миллати мо дар ин масъала нақши муассир дорад, доир ба ин зикри Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки 2550 сол пеш қабул гардидааст, басанда мебошад, зеро ин ҳуҷҷат дар таърихи башар нахустин бор ҳуқуқ ва озодии виҷдон, озодона гаштан ва дахлнопазирии манзилро эътирофу татбиқ намудааст. Гузашта аз ин, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки то ба имрӯз аслу ҷавҳари хешро аз даст надодааст, далели раднашавандаи фалсафаи таҳаммулпазирии ниёгони тоҷикон ва аз ҷониби онҳо эътироф гардидани иттиҳоду якдилӣ миёни халқҳо, миллатҳо, динҳо ва ҳатто мазҳабҳо мебошад.
Ба шарофати ин санад халқи тоҷик дар тули ҳазорсолаҳо ҳувияти худро ҳифз кардааст.
Бояд зикр намуд, ки Куруши Кабир асосгузори империяи Ҳахоманишиниён буда, халқҳои гуногуни се қитъаи олам – Осиё, Африқо ва Аврупоро муттаҳид намуда буд. Дар асоси маълумоти Ҳеродот, дар империяи таъсисдодаи Куруш намояндагони зиёда аз 50 забон ва 70 халқият зиндагӣ мекарданд. Маҳз дар давраи Ҳахоманишиниён институтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва, ҳамчунин, анъанаҳои фарҳангӣ ба вуҷуд омаданд. Дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ҳуқуқ ба озодӣ, дину мазҳаб ва тоату ибодат, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зист, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба адолати судӣ, манъи шиканҷа, ҳуқуқ ба озодии касбу кор ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон дарҷ гардидаанд. Аз ин бандҳои зикршуда чунин бармеояд, ки ниёгони тоҷик ҳанӯз 2550 сол муқаддам меъёрҳоеро асос гузоштаанд, ки баъдан дар аввалин конститутсияҳои ҷаҳон истифода шудаанд. Боиси ифтихор аст, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки аз 39 модда иборат аст, нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф шудааст. Ҷолиби диққат аст, ки дар 44 мавриди 30 моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар андешаҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар шакл ва мазмуни муосир ба чашм мерасанд. Гузашта аз ин, дар Эъломия тақрибан 50 фикру андешаҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва инсондӯстона мунъакис шудааст.
Аз ҷониби Созмони бонуфузи байнал-милалии ЮНЕСКО ба таври сазовор ҷашн гирифтани 2550-солагии ин санади боадолати таърихӣ ҳамчун нахустин Эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон як амри саривақтӣ мебошад. Иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтӣ баҳри омӯзиши амиқи саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик, аз қабили корнамоиҳои фарзандони барӯманд ва дар сатҳи шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо мебошад.


Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”