Пули миллӣ барои ҳар як давлати мустақил на танҳо воситаи муомилоти иқтисодӣ, балки рамзи аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ соҳибистиқлол будани он маҳсуб меёбад. Барои миллати тоҷик пули миллии сомонӣ нишонаи бозгашт ба давлатдории таърихӣ, ифтихори миллӣ ва обрӯю эътибори давлату миллат мебошад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам ва Нишони давлативу Суруди миллӣ муқаддасоти давлатӣ эътироф шудаанд. Пули миллӣ - сомонӣ дар баробари муқаддасоти давлатӣ ба сифати шиносномаи миллат барои таҳкими давлатдорӣ ва эътирофи ҷумҳурӣ дар миқёси байналмилалӣ дорои аҳамияти бузурги сиёсист. Пули миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии истиқлол ва нишонаҳои возеҳи мустақилият дар истиқрори давлатдорӣ нақши муҳим дорад.
Роҳи ба даст овардани пули миллӣ барои Тоҷикистон осон набуд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1995 рубли русиро истифода мебурд. 10-уми майи соли 1995 маҳз бо ташаббусу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рубли тоҷикӣ ба муомилот бароварда шуд. Ин ислоҳот имкон дод, ки дар кишвар то андозае суботи макроиқтисодӣ таъмин гардад ва заминаҳои истиқлолияти иқтисодии кишвар фароҳам оварда шаванд. Рубли тоҷикӣ дар муддати 5 соли дар муомилот қарор доштан, дар ин самт нақши муҳим бозид.
Ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ баъди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар соли 1997 имкон дод, ки ҷумҳурӣ ба марҳалаи нави рушд ворид шавад. Дар ин шароит ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ рамзи эҳёи иқтисодӣ ва суботи давлат гардид. Бисёр рамзист, ки пули миллӣ дар остонаи асри XXI баъди 1000 соли давлатдории миллии тоҷикон - Сомониён ба муомилот бароварда шуд.
26-уми октябри соли 2000-ум фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ» содир гардид ва 30-юми октябри соли 2000-ум воҳиди нави пули миллӣ - «сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд.
Ба муомилот баровардани пули миллӣ на танҳо падидаи иқтисодӣ, балки рӯйдоди маънавию фарҳангӣ низ буд. Номгузории пул ба номи Исмоили Сомонӣ, ҷойгиркунии тасвири арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин, ёдгориҳои меъморӣ ва таърихӣ дар асъори миллӣ пайванди замони мо бо таърихи ҳазорсолаи миллатро баён мекунад. Ин рамзҳо бо забон, эътиқод, арзишҳо ва меъёрҳои миллӣ алоқаманд буда, бахши муҳими фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд. Таҷассуми симои қаҳрамонони миллат, ҷойҳои таърихӣ ва нигораҳо дар пули миллӣ ифодаи рамзии ифтихор аз ватандорӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошанд. Пули миллӣ рамзе гардид, ки мафҳуми давлатдорӣ, истиқлол ва ҳувияти миллиро фаро гирифта, ба насли оянда паёми таърихӣ мерасонад.
Таъмини рушди иқтисодиёти ҳар кишвар ба устувории пули миллӣ ва фаъолияти бонкӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Имрӯз пули миллӣ - сомонӣ ҳамчун рамзи истиқлолияти иқтисодӣ, имкон медиҳад, ки кишвар сиёсати мустақили пулию қарзӣ дошта бошад, нархҳои дохилиро танзим намояд ва дар роҳи рушди устувори иқтисодӣ қадам монад.
Бо гузашти вақт пули миллӣ чун ифодагари соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон мақоми худро ҳифз намуд. Имрӯз пули миллӣ - сомонӣ на танҳо воситаи муомилот, балки рамзи давлатдорӣ, истиқлолияти иқтисодӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Бо ҷорӣ намудани пули миллӣ миллати тоҷик собит кард, ки қодир аст давлати мустақил дошта бошад, иқтисоди худро танзим намояд ва дар арсаи байналмилалӣ мақоми худро соҳиб шавад.
Пули миллӣ сарвати миллӣ, обрӯю эътибори миллат буда, рамзи давлатдорӣ, ягонагӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»