Санъати мусиқӣ, ҳамчун яке аз шохаҳои муҳими фарҳанги миллӣ, аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар тарбияи маънавии ҷомеа, баланд бардоштани завқу маърифат ва худогоҳиву худшиносӣ нақши арзанда доштааст. Тули таърихи пуршарафи халқи тоҷик мусиқии мо чун арзиши маънавӣ ва ҷузъи ҷудонопазири ҳувияти миллӣ рушд кардааст.
Мероси мусиқии тоҷикро бузургони илму фарҳанг аз Борбади Марвазӣ то Абунасри Фаробӣ, аз Ҷомӣ то Дарвешалии Чангӣ ғанӣ гардонда, асолат ва арзишмандии онро то ба рӯзгори мо расондаанд.
Бояд бо ифтихор зикр кард, ки даврони соҳибистиқлолӣ марҳалаи нави рушду нумуи соҳаи мусиқии миллии тоҷик ба шумор меравад. Яке аз дастовардҳои замони истиқлол соли 2003 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мебошад. Ин боргоҳи ҳунар бо роҳбарии нахустин ректор Арбоби ҳунари Тоҷикистон, композитори маъруф, устод Талабхӯҷа Сатторов ба фаъолияти худ оғоз бахшида, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи мусиқии касбӣ саҳми беназир гузоштааст. Ҳамин хизматҳои шоистаи устод Талабхӯҷа Сатторов буд, ки соли 2008 барои абадӣ гардондани хотирааш Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шуд.
Тули фаъолияти худ Консерватория беш аз 1000 мутахассиси соҳибкасбро дар самтҳои гуногуни мусиқӣ омода карда, ба яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар табдил ёфт. Имрӯз Консерваторияи миллӣ ба маркази нодир дар тайёр намудани кадрҳои соҳаи мусиқии касбӣ табдил ёфта, дар рушди санъати мусиқии тоҷик, баланд бардоштани завқи бадеӣ ва маърифати фарҳангии ҷомеа, тарбияи насли нави эҷодкорон, навозандагону сарояндагони жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ, композиторон, дирижёрон ва дигар мутахассисон саҳми шоиста мегузорад.
Беҳуда нест, ки дар робита ба нақши калидии ин муассиса дар рушди мусиқии касбӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: «Дар даврони истиқлолият Консерваторияи миллӣ таъсис ёфт, ки дар рушди санъати мусиқӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳа саҳми арзанда дорад».
Ин суханони Сарвари давлат бозгӯи он аст, ки таъсиси Консерваторияи миллӣ иқдоме саривақтӣ ва ҷавобгӯ ба ниёзҳои фарҳангии миллӣ дар шароити муосири рушди санъату фарҳанг мебошад. Таҷрибаи муваффақи омодасозии кадрҳо, сатҳи баланди таълимӣ ва эҷодӣ, низоми мукаммали омӯзиш дар ин муассиса шаҳодати дурустии ин иқдомро собит месозад.
Ин боргоҳи ҳунар дар роҳандозии сатҳи сифатан нави таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодӣ, ҳамзамон, дар омӯзиши санъати мусиқии суннатӣ ва мусиқии касбии муосир нақши калидӣ дорад. Бештари аъзои коллективҳои ҳунарии ҷумҳурӣ хатмкардагони лаёқатманду кордони Консерваторияи миллӣ мебошанд, ки имрӯз дар сатҳҳои мухталифи фарҳангӣ ба мардуми кишвар хизмати арзишманд мерасонанд.
Консерваторияи миллӣ тадқиқоти бунёдӣ ва амалиеро дар соҳаҳои гуногуни мусиқии суннатӣ, эҷодиёти композиторӣ ва илмҳои мусиқишиносӣ ба роҳ монда, мусиқишиносии тоҷикро густариш медиҳад. Ҳамзамон, беҳтарин ҳунармандони мамлакат ба сифати устодони соҳибтаҷриба ва эҷодкор ба ҷараёни таълим ҷалб шудаанд, ки аз хусусиятҳои миҳими ин боргоҳи илму ҳунар маҳсуб меёбанд.
Хатмкардагони Консерватория дар муҳити фарҳангӣ ва илмии кишвар чеҳраҳои маъруфу шинохта буда, бо унвонҳои давлатӣ, ҷоизаҳо, ифтихорномаҳо ва дипломҳо қадр шудаанд. Лоиқи зикр аст, ки онҳо бо фаъолияти касбии худ мақому манзалати мусиқии тоҷикро на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи байналмилалӣ низ баланд мебардоранд.
Дар Консерваторияи миллӣ, ҳоло устодону ҳунармандони номвар, докторону номзадони илм ва арбобони ҳунар фаъолият мекунанд, ки дар тарбияи кадрҳои нави соҳа нақши муассир мебозанд. Барномаҳои эҷодӣ, озмоишгоҳҳои амалии мусиқӣ, ансамблҳо, оркестрҳо, конфронсҳо ва дарсҳои маҳорат (мастер-класс) имкони комил фароҳам меоранд, то ҷавонон ҳунари худро сайқал диҳанд.
Боиси хушнудист, ки имрӯз як қисми бузурги устодону хатмкардагони Консерватория, аъзои фаъоли Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошанд. Онҳо дар таҳкими заминаҳои илмӣ, рушди мусиқии анъанавӣ, эҷоди асарҳои нав ва муаррифии фарҳанги тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд.
Баҳодур ДАВЛАТЗОДА,
ректори Консерваторияи
миллии Тоҷикистон
ба номи Талабхӯҷа Сатторов