Субҳи 22 июни соли 1941 ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ, ки Тоҷикистон ҷузъе аз ин кишвари абарқудрат буд, Германияи фашистӣ ҳуҷуми аҳдшиканона кард. Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Давлати шуравӣ тамоми неруҳои худро баҳри ҳифзи сарҳад равона сохт. Аз тамоми гӯшаву канори мамлакати паҳновар, ҳазорон нафар ихтиёриён ба сафи артиш пайвастанд. Халқи шарафманд ва бонангу номуси тоҷик низ, барои ҳифзи марзу буми хеш бархостанд. Қариб тамоми мардон ба ҷанг рафтанд. Дар қатори онҳо бонувони матинирода низ, ихтиёрӣ ба комиссариятҳои ҳарбӣ барои рафтан ба ҷанги зидди фашизм ариза доданд.
ВАЪДАИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН
Ба комиссарияти ҳарбии шаҳри Душанбе дар як рӯз 700 аризаи ихтиёриён барои пайвастан ба артиш ворид шуд, ки 200 ариза аз номи бонувон буд. Аз ҷумла, 19 донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба комиссарияти ҳарбӣ бо чунин мазмун ариза навишт: «Душманони тамоми инсоният, фашистони Германия ба хоки Ватани мо ҳуҷум карда даромаданд. Мо, донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ, хоҳиш мекунем, ки аз ҳисоби мо дастаи низомии санитарӣ ташкил намоед. Ваъда медиҳем, ки дар муҳорибаҳо баробари мардон ба муқобили душман меҷангем». Бо чунин мазмун аризаҳо хеле зиёд буданд, ки гувоҳ аз иродаи шикастнопазиру номуси беқиёси зани тоҷиканд.
Тавре Р. Набиева, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мақолаи худ “Бонувони ватандӯсти Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” менависад, моҳҳои аввали ҷанг аз тамоми кунҷу канори Тоҷикистон аз номи занон беш аз 10 ҳазор ариза омада буд. Ҳамагӣ хоҳиши ба фронт рафтан ва бар зиддӣ фашистон ҷангиданро мекарданд.
С. Алибоева дар аризаи худ чунин менависад: «Аз Шумо бисёр хоҳиш дорам, ки маро ба сафҳои аскарони сурх қабул намоед. Дорои нишони дараҷаи аввали «Тайёр ба меҳнат ва мудофиаи ИҶШС» ҳастам ва мутахассиси соҳаи радиотехника ба ҳисоб меравам». Дар байни аризадиҳандагон санитарҳо, табибон, муаллимон, агрономҳо, тракторчиён ва коргарони корхонаҳо низ, буданд. Аз 153 аризаи ихтиёрони комбинати шоҳибофии шаҳри Душанбе 57–тоаш ба коргарзанон рост меомад. Яке аз онҳо Одина Ҳакимоваи 17–сола навишта буд: «Хоҳиш мекунам маро ба сафи аскарони сурх қабул намуда, ба фронт, он ҷое ки, аллакай, бародари ман меҷангад, фиристонед».
ҚАҲРАМОНИИ ОЙГУЛ
Бонувони Тоҷикистон, дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазифаи худро бошарафона иҷро карда, қаҳрамонӣ ва шуҷоат нишон доданд. Онҳо на танҳо дар муҳорибаҳои шадиди назди Москва, Сталинград, Ленинград, Одесса ва Киев иштирок карданд, балки барои озод намудани Лаҳистон, Югославия, Чехославакия ва Руминия низ, ҷангидаанд. Душман кӯшиш менамуд, ки Москваро дар кӯтоҳтарин муддат забт намояд, аммо ҳамлаи он бо шикасти даҳҳо дивизияаш анҷом ёфт. Аз ҷумла, бонувони тоҷик дар фурӯ нишондани қӯшуни фашистони немис дар назди Москва саҳми бориз гузоштанд. Нина Лобковская аз шаҳри Душанбе баъди хатми муваффақонаи мактаби занонаи тирандозӣ иштирокчии муҳорибаи назди Москва гардид. Ӯ 89 душманро нобуд сохт.
Номи хатмкунандаи Донишкадаи кишоварзии ҷумҳурӣ Ойгул Муҳаммадҷонова дар саҳифаҳои таърих абадӣ сабт гардидааст. Вай баъд аз хатми Омӯзишгоҳи ҳарбии ҳавоӣ ба полки авиатсионие, ки дар назди Смоленск меҷангид, фиристода шуд. Ойгул на танҳо дар Тоҷикистон шуҳрат пайдо карда буд, балки дар дигар ҷумҳуриҳои бародар ҳам номи ӯро бо ифтихор ба ёд меоварданд. Тибқи иттилои Раҳмат Қудратов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати кишвар, Ойгул Муҳаммадҷонова барои қаҳрамониҳои бемисл ва шуҷоату ҷонфидоиҳояш дар фронтҳои ҶБВ бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. Ӯ намунаи олии қаҳрамонии зани тоҷик аст. Мактуби командири ӯ – капитан В. Лапко, ки дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» таҳти унвони «Корнамоии қаҳрамононаи Ойгул Муҳаммадҷонова» чоп шуда буд, тасдиқи ин гуфтаҳост. Дар мактуб, аз ҷумла омадааст: «Дар назди хатти фронт ба мо «мессерҳо» ҳамла оварданд. Мо мудофиаи давра ташкил кардем. Ойгул дар ҳамин ҷо аз аввалин имтиҳони ҷангӣ гузашт. Ӯ бо пулемёти худ ҳавопаймои қиркунандаи душманро зада ғалтонд ва тири ӯ ба ҳавопаймои дуюм низ расид, ки онро тирандози ман зада афтонд. Мо батареяҳои фашистонро ба зери оташи беамон гирифтем. Дар ин ҷанг тирандози ҳавопаймои Ойгул ҳалок гардид. Худи Ойгул аз китфаш ярадор шуд. Ба чамбараки ҳавопаймо тири тӯпи зенитии душман расида буд, ба ҳавопаймо ва Ойгул марг таҳдид мекард. Вале Ойгул бо як муъҷизае ҳавопаймои худро аз оташи душман халос намуд ва онро ба қисми ҳарбии мо шинонд. Комсомолдухтар Ойгул ана ҳамин тавр парвози ҷангӣ кардааст. Шурои ҳарбии фронти ғарбӣ духтари тоҷикро бо ордени Ленин мукофотонд».
КОРНОМАҲО ЗИЁДАНД
– Тоҷикдухтар А. Исоева низ, дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳо нишон дода, аз санитаркаи одӣ то командири взвод расидааст. Қисми ҳарбии Исоева танҳо дар як рӯзи соли 1941 аз майдони ҷанг 57 нафар маҷруҳи вазнинро баровард. Ӯ соҳиби чандин ордену медалҳост. Лейтенанти калони хизмати тиббӣ Софя Ниёзова диловарӣ нишон додааст. Ӯ солҳои 1941-1945, ки духтури фронти якуми Украина буд, ҳаёти ҳазорҳо нафар ҷанговарони шуравиро наҷот додааст. Лаҳзаҳое низ, мешуданд, ки ӯ ба даст силоҳ гирифта, ба майдони ҷанг мерафт. С. М. Ниёзова барои матонату бебокии дар муҳорибаҳо нишон додааш бо мукофотҳои давлатӣ қадр гардид, – менависад Р. Набиева.
Фиристодагони дигари тоҷик – лейтенанти хизмати тиббӣ Ш. Ҳайдарова, лейтенанти хурд Ҷ. Раҳимова, радиотехник С. Алибоева, ҳамшираҳои шафқат Е. Локшина, Н. Умарова, Р. Ёқубова, Р. Фозилова, Ф. Колесникова, И. Қурбонова, ҷанговарон Татяна Каратигина, Саида Сафарова, Аслия Маҳмудова, Ҳоҷал Юсуфҷонова, Маҳбуба Турсунова ва дигарон низ, бо нишон додани корнамоиҳои ҷангӣ номи худро дар саҳифаҳои таърих абадан сабт карданд.
Ин ҷо зикри корнамоиҳои Хосият Раҳматоваи исфарагиро лозим медонем, ки бо ҳавопаймои худ садҳо кӯдакро аз Ленинград (ҳоло Санкт–Петербург) бароварда, ярадор шудааст. Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шогадоев, шоир А. Деҳотӣ, раиси вилояти Ленинобод Мастура Авазова ӯро аз госпитал ба Душанбе оварда буданд...
Бо чунин фидокориҳо Армияи шуравӣ зафар ёфт ва суруру шодии қаҳрамонзанонро ҳадду канор набуд. Аз ниҳояти хурсандӣ ашк мерехтанд: барои Ватани ҳамакнун озодашон, барои фарзандони ханда бар лаб, барои дурахши чашмони пирони дуогӯ, барои фардои осуда.
Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”