Баргашт Чоп кардан

НОМАИ СИПОСИ ҲАЙАТИ ШАХСИИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БА АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Бо як ҷаҳон лутфу эҳтиром ва самимияти беандоза, барои дастгирии доимӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷониба, сипос ва миннатдории ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро ба Шумо изҳор менамоем.
Бо вуҷуди банд будани Шумо ба корҳои муҳими давлатӣ, таваҷҷуҳу ғамхориҳоятон нисбат ба ин мақомот зиёд буда, бо ҳисси масъулият мо низ ин ғамхориҳои Шуморо дарк менамоем ва тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри тинҷию осоиштагии мамлакати азизамон равона месозем.
Ҳамасола 10-уми ноябр кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо дастовардҳои баланду назаррас ва бо ташрифи Шумо Рӯзи милитсияи тоҷикро бо тантана ҷашн мегиранд.
Имсол низ ташрифи Шумо дар ифтитоҳи иншооти навсохташудаи мақомоти корҳои дохилӣ руҳияи ватандӯстии кормандони мақомоти корҳои дохилиро боз ҳам неруи тоза бахшид.
Қобили зикр аст, ки пеш аз ҳама таҳти сиёсати хирадмандонаи Шумо, инчунин, бо кӯшишу заҳматҳо ва масъулиятшиносии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан мақомоти корҳои дохилӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои босубот ва амн дар дунё боқӣ мондааст, ки созмонҳои байналмилалии ҷаҳонӣ инро эътироф ва тасдиқ намудаанд.
Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар чунин вазъияти мураккаби дунё минбаъд низ сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Шуморо дар самтҳои ҳаётан муҳим дарку пуштибонӣ намуда, баҳри амалинамоии он тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ки осмони Тоҷикистони азиз доимо софу беғубор бошад.


Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Мо – кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ваъда медиҳем, ки аз корманди одӣ то роҳбарияти Вазорат, аз қаторӣ то генерал ба савганди худ содиқ монда, ҳар вазифаю супорише, ки ба зиммаамон гузошта шудааст, дар сатҳи баланд иҷро менамоем ва намегузорем, то як нохалафе фазои ором, тинҷу осоиштаи Ватанамонро ноором созад.
Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар паҳлуи Шумо қарор дошта, дар роҳи созандагию бунёдкорӣ, таъмини суботу оромии кишвари азизамон ва ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ бо камоли садоқату самимият ёвару дастёри Шумо мебошад.