Баргашт Чоп кардан

Ифтитоҳи бинои шуъбаи ВКД 1 дар ноҳияи Сино



10-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд.


Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии шуъба суҳбат намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дорои 64 ҳуҷраи корӣ мебошад. Он тибқи талаботи хизматӣ ва бо шароити мусоиди корӣ сохта шуд. Маҷлисгоҳи васеи бино дорои 240 ҷойи нишаст буда, барои баргузории ҷаласаҳо ва машғулиятҳои соҳавӣ мувофиқ аст.
Синфхонаҳо ва толорҳои таълимии бино бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа ва дигар лавозимоти корӣ ҷойгиранд. Барои кормандон китобхонаи замонавӣ низ фаъолият мекунад. Ҳамчунин, ҳангоми корҳои сохтмонӣ ба ободонии гирду атроф таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар саҳни бино майдони сафороӣ, таваққуфгоҳ барои мошинҳои хизматӣ ва иншооти ёрирасон низ бунёд гардид.
Зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки кормандон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, дониш ва малакаи худро баланд бардоранд ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои ногаҳонӣ омода бошанд.
Бунёди чунин бинои замонавӣ ва таъмини он бо таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои худро боз ҳам беҳтар ва бо масъулияти баланд иҷро намоянд.
Дар охир ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Сино як қатор нақлиёти нави хизматӣ супурда шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандон дастур доданд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоранд.


Маркази инноватсионии ВКД
10-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ, маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилиро бо маҷмуи бинову иншооти хизматӣ ифтитоҳ намуданд.


Боздиди Роҳбари давлат аз бинои шуъбаи махсуси зудамали ин қисми ҳарбӣ бо вохӯрӣ бо ҳайати шахсии ин ниҳод оғоз ёфт.
Зикр гашт, ки дар ҳамин мавзеъ барои ташкили фаъолияти хизматии кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбӣ бинои дуошёна сохта шудааст, ки он аз хобгоҳ, ҳуҷраҳои кориву санитарӣ, ҳуҷраи нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Бино бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, дар он барои ҳайати шахсӣ ва кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ шароити хуби корӣ ва хизматӣ фароҳам овардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ҳайати шахсиро ба муносибати рӯзи касбиашон самимона табрик гуфта, кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба хизмати софдилона ба Ватан ва истифодаи самараноки шароиту имконоти фароҳамшуда ҳидоят карданд.
Зимни боздид аз марказ ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки дар он мутахассисон пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ бо истифода аз хатти нави технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти махсус, ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин (дрон) ва маҷмуи бесарнишини разведкаи ҳавоиро омода месозанд.
Маркази инноватсионии ВКД ва маҷмуи иншооти таъиноти хизмативу маишӣ бо супориши Президенти кишвар ҷиҳати рақамикунонии соҳа, омӯзиш ва омодасозии кадрҳои ҷавони самти технологияи рақамӣ дар муҳлати панҷ моҳ сохта шуд. Низоми муосири фаъолият дар сохторҳои ВКД дар доираи эълони Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) амалӣ шуда, ба тақвияти омодабошии ҷангии воҳидҳои таъиноти махсус, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва ошкору пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад.
Дар идомаи боздид ба Роҳбари давлат фаъолияти мустақими мутамаркази навтаъсис дар нуқтаҳои дурдасти кишвар бо истифода аз технологияи нави инноватсионӣ намоиш дода шуд.
Ҳоло бо ҳадафи рақамикунонӣ дар сохтори мазкур, татбиқи низоми ягонаи иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки якчанд намуди модулҳоро дар бар мегирад. Таъсиси замима-барномаи мобилии Вазорати корҳои дохилӣ яке аз модулҳои низоми муосир аст, ки тавассути он шаҳрвандони кишвар метавонанд маълумоти дурусту саривақтиро дастрас намоянд. Дар робита ба ин, соли 2025 дар сохтори раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, раёсати воҳидҳои таъиноти махсус ва раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилӣ шуъба ва бахшҳои технологияи инноватсионӣ таъсис ёфт. Дар марказ барои кормандону мутахассисони ҷавон шароити хуби корӣ фароҳам буда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, бо шароити бинову иншооти дигари навсохт шинос шуданд.
Зикр гардид, ки дар ин мавзеъ барои пешбурди фаъолият ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ, бинои дуошёнаи маъмурӣ, бинои таълимӣ, бошишгоҳи нигоҳдории техника, истгоҳи мошинҳо, толори варзиш, ошхона, ҳаммоми замонавӣ, майдончаҳои футболи хурд ва волейбол, ҳавзи шиноварии тобистона, комплекси машқҳои атлетикӣ, бинои озмоишгоҳи махсус, майдони сафороӣ ва хатти монеаҳои махсус барои машқу тамрин бунёд шуд, ки ҳамаи он бо таҷҳизоту инфрасохтори зарурӣ таъмин мебошад. Ҳамаи бинову иншооти навсохти қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст аст.
Дар ин ҷо, ҳамчунин, ба Сарвари давлат фаъолияти намунавии хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2025 муаррифӣ шуд.
Тибқи иттилои масъулон, соли 2025 аҳли заҳмати хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ тавонистанд аз заминҳои корам ҳосили хуби меваю сабзавот ва ғалладона ба даст оранд. Хоҷагӣ 370 гектар замини корам, 47 гектар боғу токзор ва 253 оилаи занбӯри асал дар ихтиёр дорад, ки ҳосили фаровони меваю сабзавот ва полизӣ ба қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он равона мегардад. Дар хоҷагии ёрирасони Қӯшунҳои дохилӣ 835 сар чорвои калону майда ва 49 сар асп парвариш меёбанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар барои беҳсозии шароити кории хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бинову иншооти замонавӣ бунёд ва дар ин баробар, пойгоҳи моддиву техникӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он пурқувват гардонда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди боздид таъкид сохтанд, ки пойдории сулҳу осоиш, суботи сиёсӣ, таъмини зиндагии ороми мардум ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар ба назар мерасад, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад.


Ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ
10-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ, ҳамчунин, ба таври фосилавӣ биноҳои нави истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ва ду бинои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуданд.


Иттилоъ доданд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани се бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд 240 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили нави истиқоматӣ таъмин гашт.
Тадбири муҳими иҷтимоӣ, ки бо супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат амалӣ шуд, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ неруи тоза бахшид.
Бинои нави истиқоматӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт бо тарҳи муосир сохта шуда, аз 5 ошёна ва 32 хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ иборат аст.
Хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ ба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагиашон ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки баҳри иҷрои масъулиятҳои касбиашон содиқона ва поквиҷдонона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон хизмат менамоянд.
Иншооти дуюми истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо риояи қоидаҳои меъмориву шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст, ки дар он барои зист ва истироҳати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шароити хуб фароҳам аст. Бино аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таъмини 128 корманди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо манзили нави зист пешбинӣ мегардад.
Дар доираи корҳои ободонӣ барои кӯдакон ва калонсолон дар назди ин биноҳо айвону нишастгоҳҳо ва майдонҳои хурди бозӣ бунёд шудаанд.
Бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар кӯчаи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд, ки бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, аз 10 ошёна ва 80 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад.
Корҳои сохтмониро дар ҳар се бинои нав дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд кормандону мутахассисони раёсати сохтмони ВКД бо сифати баланд ба анҷом расонданд.
Биноҳои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи якхела сохта шудаанд, дорои ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ, ҳаммом ва иншооти ёрирасон мебошанд.
Ҳамчунин, биноҳои навсохти Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияҳои болозикр бо таваққуфгоҳ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурии техникӣ таъмин буда, дар онҳо барои пешбурди фаъолияти кормандон тамоми шароит фароҳаманд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии иқдоми мазкурро натиҷаи фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод арзёбӣ карда, масъулони соҳаро барои дастгирӣ ва беҳсозии шароити кору зиндагии мутахассисони ҷавон вазифадор намуданд.