Баргашт Чоп кардан

МАҚОМ ВА ВАЗИФАҲОИ ИЛМҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН


Бо вуҷуди он ҳама фоҷиаҳое, ки ҳамсафари доимии инсоният будаанд, ақлу заковати инсонӣ барои пеши роҳи ин фоҷиаҳоро гирифтан саъю талош кардааст ва сиёсатмадорону донишмандони бузург роҳҳои ҷорӣ кардани адолатро пайваста ҷустуҷӯ кардаанд ва таъсире ҳам ба равандҳои тараққиёти ҷомеа расондаанд, зеро ақли инсонӣ бо илм пайванди ногусастанӣ дорад ва ақли солим ҳамеша дар ҷустуҷӯйи роҳҳои беҳбуди зиндагӣ мебошад ва беҳбуди ҳаёт бе илм ва ҷорӣ кардани дастовардҳои он имконнопазир аст. Таҷрибаи таърихии кишварҳои Ғарбу Шарқ дар ин бора мисолҳои фаровон дорад ва дар асарҳои файласуфон ва ҷомеашиносон дар ин замина андешаҳои ҷолиб ва боаҳамият баён шудаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар даҳсолаҳои ахир пешрафтҳои азиме кардааст, ки шояд ҳар даҳсолааш аз чандин асри гузашта пурмаҳсултар ва пурбортар бошад. Ин ҳама натиҷаи таваҷҷуҳ ба тараққиёти илм ва истифодаи бештар аз самараи он мебошад.
Вале, мутаассифона, бар асари ихтилофҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ, минтақавӣ ва сиёсати бузургманишии давлатҳои абарқудрат ва ё давлатҳои қудратталаби минтақавӣ ин имкониятҳои саодатмандии умум қурбони беадолатиҳо ва тангназариҳо мегарданд, нобовариро ба ҳамнавъон бештар карда, ба муноқишаҳо, задухӯрдҳо, хунрезиҳо ва бадбахтиҳои оммавӣ сабаб мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як паёмашон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфта буданд: «Асри ХХI оғози марҳалаи нави таърихи инсоният аст, ки дар он равандҳои глобализатсия торафт вусъат ёфта, мавқеи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои таърихии кишварҳои аз ин маҷро берунмондаро танг менамояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ба ҷараёни глобализатсияи ҷаҳонӣ мутобиқ шавем, то ки манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва арзишҳои фарҳангию маънавии миллати худро ҳифз карда тавонем».
Бинобар ин, омӯхтани ҳамаҷонибаи равандҳои рушди ҷомеа ва муайян намудани арзишҳои миллӣ ба хотири таҳияи як назарияи бунёдии андешаи миллӣ кори ниҳоят муҳими илми муосири ҷомеашиносӣ маҳсуб мешавад. Дар ин самт имрӯз дар Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом ёфтаанд, таҳлилҳои хуби илмӣ низ сурат гирифтаанд, вале тадқиқоти анҷомёфта ҳанӯз нокифоя мебошанд. Бо таассуфи зиёд бояд зикр кард, ки балоҳои дар муддати садсолаҳо ба сари миллати тоҷик омада бештар натиҷаи ихтилофҳои дохилимиллӣ ва парокандагӣ будааст, ки бо ин сабаб кор ба манфиати ғосибон ва душманони миллати мо анҷом ёфтааст. Халқи тоҷик натавонистааст дар муқобили қувваҳои ғосиб ваҳдати умумимиллиро ба вуҷуд орад, вазъи сиёсӣ ва таърихии худро дар марҳалаҳои ҳассос дуруст муайян кунад, чораҳои воқеъбинона андешад. То давраи Инқилоби Октябр худшиносии миллие, ки тоҷик будан дар маркази ин андеша бошад, ташаккул наёфта будааст. Бепарвоӣ нисбат ба таъкиди тааллуқ доштан ба миллати худ, омехта кардани тааллуқи қавмӣ бо тааллуқи динию мазҳабӣ ва ё маҳаллӣ худогоҳии миллиро хеле заиф намуда будааст. Яке аз сабабҳои ин ҳодиса бетаваҷҷуҳӣ ва бемасъулиятии зимомдорон ба тараққӣ додани илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ будааст, ки ҷаҳонбинии солим ва илмии мардумро ба вуҷуд меоварад. Дар гузашта, то охири асри нуздаҳ, олимону адибони тоҷик, ки аз субъектҳои асосии ташаккулдиҳандаи шуури миллии халқамон мебошанд, бинобар сабабҳои гуногун камтар ин масъаларо дарк намудаанд ва сатҳи худогоҳии онҳо ҳам то ҷое буда, ки зарурати таъкиди миллияти худро дар осорашон чандон эҳсос накардаанд. Дар натиҷа, кундии эҳсоси ифтихори миллӣ фарогири аксарияти афроди миллати тоҷик гардида, аксаран муқовимат накардани ошкоро бо поймолкунандагони ҳуқуқаш ҷузъи характери миллӣ шуда буд. Мутаассифона, ин хислати манфӣ то ҳанӯз дар андеша ва рафтори баъзе гурӯҳҳои ҷомеаи тоҷикон вуҷуд дорад.
Бинобар ин, имрӯз дар кишвари мо, ки таҳаввули ҷиддии давлатдории миллиро аз сар мегузаронад, илм ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ташаккули шуури миллӣ аҳамияти фавқулода муҳим дорад. Тавре аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи Аврупо, Осиё ва Амрико ҳувайдост, бе ҷаҳонбинии илмии фарогири аксарияти афроди ҷомеа эъмори давлати неруманд ва шоистаи эътибору эҳтиром номумкин аст. Маҳз илм метавонад муҳаррики пешрафтҳои ҷомеа гардад, мардумро аз ғафлат раҳо созад, низоми давлатдориро муайян кунад ва истеҳком бахшад.
Як ҷузъи зарурии ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ омӯхтани илмҳои ҷомеашиносӣ мебошад, зеро маҳз ин илмҳо қонуниятҳои инкишофи ҷомеа, сабабҳои бавуҷудоии буҳронҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои халосӣ аз онҳо ва таҳкими асосҳои давлат, иқтисод, сиёсат, иҷтимоиёт ва фарҳангиро таъин мекунанд, барои пеши роҳи низоъҳои имкониро гирифтан тавсияҳои судманд пешниҳод менамоянд. Равандҳои инкишофи ҳодисаҳои иҷтимоиро таҳлил намудан, ба онҳо баҳо додан, хулосаҳои зарурӣ баровардан бе тарбия ва дастгирии олимони ҷомеашиноси ҳақиқӣ номумкин аст, зеро ҳар давлат оро ва андешаҳои мувофиқи низоми иҷтимоиро тақозо дорад ва ҷаҳонбинии дунявӣ бар пояи назарияи илмии муосир бояд қарор гирад ва назарияи илмӣ ва интишори он ба фаъолияти олимони варзидаи соҳаҳои ҷомеашиносӣ вобаста аст. Ин ақидаро Сарвари давлат дар мулоқотҳо бо зиёиёни миллат борҳо таъкид кардаанд ва нақши онҳоро дар ташаккули андешаҳои илмӣ, бадеӣ, динӣ ва эстетикии ҷомеа, бахусус барои насли ҷавон хеле бузургу масъулиятнок арзёбӣ намудаанд.
Дар робита ба ин масъала метавон гуфт, ки муҳимтарин вазифаи илмҳои ҷомеашиносӣ дар шароити имрӯз ин аст, ки масъалаҳои асоситарини ҷомеаи моро таҳқиқ намуда, роҳҳои ҳамоҳанг сохтани раванди рушди ҷомеаи моро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян кунад ва дар ҷараёни гуфтугӯйи тамаддунҳо роҳҳои пешгирии низоъ ва бархурдҳои фоҷиаборро пешниҳод намояд. Баъзе муҳаққиқони хориҷӣ аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки муколамаи тамаддунҳои муосир ба манфиати кишварҳои ғарбӣ мебошад ва олами Шарқ, аввалтар аз ҳама кишварҳои мусалмонӣ, ба ин муколама омода намебошанд, зеро дар кишварҳои мусалмонӣ исломи муосир ва фарҳанги давраи классикии исломӣ аз ҳам хеле дур шудаанд. Бинобар ин, фарҳанги гузаштаро ҳарчи беҳтар омӯхтан зарур аст. Профессори фахрии Донишгоҳи Сорбон Муҳаммад Аркун бар ин ақида аст: «Мероси худро фаҳмида натавониста, мо бо аврупоиён дар сатҳи баробар гуфтугӯ карда наметавонем». Донишмандони аврупоӣ низ аз касоди ахлоқии ғарбиён сахт дар ташвишанд. Эдгар Морени фаронсавӣ навиштааст: «Мо имрӯз дар ҷаҳони ахлоқан содалавҳонае зиндагӣ мекунем, ки ба тамаддунҳои аз назари мо ақибмонда маълум набудааст. Аз рӯйи он ки мо аз чунин принсипҳои муқаддас, ба мисли меҳмоннавозӣ ва садоқат ба савгандро инкор кардем, метавонем худро аз бисёр ҷиҳат аз лиҳози ахлоқӣ инкишофнаёфта ҳисоб кунем».
Дарвоқеъ, онҳое, ки мудохилаи давлатро ба идора кардани илму фарҳанг комилан инкор мекунанд, ба навъе тарафдори инкишофи стихиявии фарҳанг мебошанд. Ин гуна мавқеъ, ки инкоркунандаи танзими инкишофи тамаддун мебошад, нақши дахолати бошууронаро дар ин низом дар назар намегирад. Дар асл бошад, бе танзими давлатӣ ва ҷамъиятии сиёсати фарҳангӣ дар ҷомеа фарҳанг (ба маънои васеъ) оқибатҳои ногувори табиӣ ва иҷтимоӣ хоҳад дошт. Ҳанӯз мутафаккир Карл Маркс гуфта буд: «Агар фарҳанг ба таври стихиявӣ инкишоф ёбад ва он бошуурона раҳнамоӣ нашавад, пас баъд аз худ биёбонро боқӣ хоҳад гузошт». Фарзона бо ифодаи рангини шоирона хеле хуб дарк карда гуфтааст:
Омӯз, асри бисту як, фарҳанги бо ҳам зистан,
То ҳол натвонистааст одам чу одам зистан.
Ба туфайли таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон ниёзмандӣ ба мероси гузашта, ки он ҷузъе аз андешаи миллӣ қарор гирифтааст, хеле афзуд. Дар сатҳи давлатӣ ба ҷиддитарин масъалаҳои таърихи фарҳанги миллиамон рӯ овардем. Андешаҳо дар ташреҳ ва таъбири ҷашнҳо якранг набуданд. Масалан, ҳангоми аз ҷониби Президенти кишвар эълон шудани Соли тамаддуни ориёӣ баъзеҳо онро як иқдоми рӯ овардани давлат ба дини зардуштӣ ҳисоб мекарданд ва мехостанд дар зеҳни мусалмонони кишвар иғтишошро ба вуҷуд оранд, лекин ба зудӣ ҳама фаҳмиданд, ки ин иқдом мақсади аз гузаштаҳои дури худ бохабар кардани миллат ва бедор кардани ҳисси ифтихори миллиро доштаасту бас. Бинобар ин, баҳсҳо дар атрофи тамаддуни ориёӣ хомӯш шуданд. Ҳангоми аз тарафи Президенти Тоҷикистон эълон шудани Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит баъзе сиёсатмадорони динӣ исрор доштанд, ки гӯё Президент таҳти фишори онҳо ба эътирофи арзишҳои волои исломӣ рӯ овардаанд. Баъзе зиёиёни дунявиандеш ин амалро ҳамчун гузашт ба идеологияи динӣ мепиндоштанд, лекин дар ниҳояти амр маълум шуд, ки ин иқдом ҳеҷ гоҳ итоат ба ташаббуси дигарон ва ё даст кашидан аз дунявияти давлат набуда, балки мақсад аз он ба мардум беҳтар шиносондани мазҳаби ҳанафӣ ва аз ҳар гуна инҳирофоти мазҳабӣ нигоҳ доштани мардум мебошад, зеро солҳои ахир дар баъзе минтақаҳои Осиёи Марказӣ ҳаракатҳои тундгароёнаи динӣ қувват пайдо карда, ба рух додани фоҷиаҳо сабабгор шуданд ва ҳатто наврасону ҷавонони бетаҷрибаро ба ин амалҳои номатлуб кашиданд. Ин масъала тадқиқи ҳамаҷонибаи илмиро тақозо мекард ва чандин асарҳои ҷолиби таваҷҷуҳ ба миён омаданд, ки барои васеъ шудани дониши динии мардум ва муайян кардани мавқеи солими шаҳрвандӣ мусоидат намуд. Ба ҳамин монанд нигоҳҳои мухталиф ба Наврӯз ҷой доштанд. Агар дар давраи шуравӣ устод Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзода дар сатҳи умумииттифоқӣ барои аз асорати тафаккури «тоҷикнописандӣ»-и роҳбарони тангназар озод кардани Наврӯз талошҳои зиёд карда бошанд, баъзе уламои тангназар дар мавъизаҳои худ ин ҷашни мубораки аҷдодиро ҳамчун бозмондаи оини зардуштӣ дониста, онро хилофи дини ислом меҳисобанд ва ҳавасманди аз хотираи мардум зудуда гардидани он буданд. Вале бо ворид шудани Наврӯз ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО ва аз тарафи СММ ҷашни байналмилалӣ эълон шудани ин ёдгории наҷиби ниёгони мо, ки пеш аз ҳама натиҷаи ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон буд, дигар ҷойи баҳс боқӣ намонд, зеро ин арзиши бузурги фарҳангии халқи тоҷик ва мардуми форсизабону ориёитабор барои миллати мо, аз ҷумла руҳониёни ватанпараст ва худогоҳ низ бояд мояи ифтихор бошад.
Аз таҷрибаи начандон дури таърихӣ огоҳ ҳастем, ки ақидаситезӣ нисбат ба андешаҳои сотсиалистӣ дар кишварҳои собиқ ИҶШС, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар солҳои навадуми асри гузашта ва ибтидои асри нав паҳн шуда буд. Ба ақидаи баъзе таҳлилгарони ғарбӣ ва рус шояд cабаб ин буд, ки дар нақшаҳои аз байн бурдани давлати шуравӣ арзишҳои эҷодкардаи наслҳои гузашта, яъне эътиқоди падаронро аз ҷониби насли ҷавони муосир ва фарзандон мавриди истеҳзо ва маломат қарор додан дар назар гирифта шуда буд. Ба фикри онҳо таъсири ин сиёсати моҳирона тарҳрезишуда буд, ки ҷавонони аз таҷрибаи ҳаётӣ дур тамоми арзишҳои дар давраи сотсиализм офаридаи падаронро бе такя ба андешаи солим инкор карда, ба тундравӣ ва харобкорӣ даст заданд. Ҳатто дар баъзе аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ марксизмро аз барномаҳо хориҷ карда, асарҳои марксистиро аз китобхонаҳо дур андохтанд. Ин амал моҳиятан илмситезӣ буда, имрӯз, бахусус баъд аз буҳрони иқтисодӣ ва молиявии солҳои ахир, чунонки академик Талбак Назаров зикр кардааст, ба вазоҳат маълум шуд, ки назарияи иқтисодии Маркс дар бораи буҳронҳои иқтисодӣ дуруст будааст ва олимони ғарбӣ боз ба он рӯ оварданд.
Аз ин лиҳоз, замони муосир тақозо дорад, ки олимони назарияи иқтисодӣ, сиёсати молия, қарз, бонкдорӣ масоили мубрами иҷтимоиро бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир таҳлил намуда, тавсияҳои илмӣ ва амалии дархури шароити давлати соҳибистиқлолро бо пешбинии дақиқназарона ва воқеъбинона пешниҳод менамоянд. Ҳамкории муассисаҳои илмӣ, хосатан пажӯҳишгоҳҳои академӣ бо вазоратҳо ва идораҳои дахлдор низ мутобиқи супоришҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди истеҳсолот ва татбиқи дастовардҳои илмӣ имкониятҳои заруриро фароҳам хоҳад овард. Аз дастурҳои Пешвои миллат бармеояд, ки андешаи миллӣ ва талаботи замонро дар пайванди ҳам қарор дода, барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, аз дастовардҳои илмии гузаштаю муосири Шарқу Ғарб истифодаи комил кардан зарур аст. Барои расидан ба ин ҳадафи муҳим ва татбиқи нақшаҳои давлати соҳибистиқлол илмҳои ҷомеашиносӣ нақши фаъол ва ҷиддиро доранд. Махсусан таҳқиқи масъалаи худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои ба замон созгор, аз ҷониби файласуфон, фарҳангшиносон, адабиётшиносон ва сиёсатшиносон зарур аст. Дар ин самт корҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расидаанд, вале онҳо ҳанӯз ба назар кофӣ намебошанд. Эҳёи ҷашнҳои Сада, Меҳргон, хосатан Наврӯз, ки хидмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар ин амр бузург аст, бояд сармашқи корҳои илмӣ ва таблиғотӣ қарор бигиранд. Аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба мероси маънавии гузашта ба ин натиҷа метавон расид, ки илмҳои ҷомеашиносӣ дар раванди таҳкими пояҳои маънавӣ ва моддии давлати соҳибистиқлол нақши бузург доранд. Тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ, донистани саҳми бузургони миллат дар пешбурди фарҳанги ҷаҳонӣ ва аз тарафи муҳаққиқони ҷавон аз бар кардани афкори илмию фарҳангии ҷаҳони мутамаддин барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва мафкураи солим мусоидат карда, таъсири ҳар гуна хатарҳои имконии муосирро пешгирӣ хоҳад кард.


Кароматулло ОЛИМОВ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон