Баргашт Чоп кардан

ШУҒНОН. ВАТАНСОЗӢ БА ШИОРИ МАРДУМӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД



Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди саноат ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ имконоти мусоиду шароити арзандаро фароҳам овард. Бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талоши соҳибкорони муваффақ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳаи саноат рӯ ба рушд ниҳода, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида истодааст.
Дар ин росто, чанде пеш дар деҳаи Барсеми Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон корхонаи нави истеҳсоли асфалт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар маросими ифтитоҳи он раиси вилоят Алишер Мирзонабот ҳузур дошт.
Ба роҳбарияти корхона супориш дода шуд, ки дар марҳалаи аввал роҳҳои марказии шаҳри Хоруғ мумфарш карда шуда, минбаъд корҳои мумфаршкунӣ дар роҳҳои ҳудуди деҳот ба роҳ монда шаванд.
Зикр гардид, ки бунёди корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Шуғнон ба таъмини маҳсулоти зарурӣ барои мумфаршкунии роҳҳои дохилии шаҳру навоҳии ВМКБ мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнон раиси вилоят дар деҳаи Сохчарви Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷон бинои замонавии муассисаи томактабиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад ва айни ҳол дар он 30 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Шуғнон сохтмони боз 6 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмонашон то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом мерасад.
Алишер Мирзонабот таъкид кард, ки соҳаи маорифи вилоят дар ҳоли рушд аст ва танҳо дар соли равон 27 муассисаи томактабӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси соҳибкорон сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар идома раиси вилоят хатти оби полезии деҳаи Шитамро ба масофаи 1800 метр мавриди истифода қарор дод, ки барои обёрии 50 гектар заминҳои бекорхобидаи дашти Шитам нигаронда шудааст. Дар ин мавзеъ соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ 10 гектар боғ бунёд гардид, ки нашъунамои хуб дорад.
Дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия бошад, раиси вилоят аз бинои нави мақомоти худидоракунии деҳот дидан кард. Бинои Ҷамоати деҳоти Навобод аз ду ошёна иборат буда, барои кормандон дар ҳуҷраҳои барҳаво шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, бино дорои толори барҳаво барои гузарондани чорабиниҳои гуногун ва китобхонаи замонавӣ мебошад.
Раиси вилоят зимни сафар, ҳамчунин, аз ҳавзи моҳипарварӣ ва хоҷагии деҳқонӣ дар Ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и деҳоти Ғарибшо Шаҳбозов, бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъа ва идораи муассисаи нигаҳдории роҳҳои Шуғнони Боло дидан кард.


Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”