Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ


Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик мулоқот кард.
Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея сол ба сол рушд ёфта истодааст, ки ин ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Сипас, доир ба вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, ба меҳмонон маълумот дода шуд.
Дар суҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, илму маориф, омӯзиши технологияи нав дар бахшҳои гуногун ва таъсиси марказҳои забономӯзию ҷалби сармоя, табодули таҷриба дар самти кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки беш аз 60 фисади маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Хатлон истеҳсол мешавад ва иқтидори истеҳсолӣ сол ба сол бо омӯхтани таҷрибаи пешқадам ва ворид намудани технологияи муосир меафзояд. Хусусан, иқлими муносиб, обу хоки ҳосилхез ва заминҳои фарох имконият медиҳад, ки аз ин вилоят дар як мавсим то ду ва зиёда ҳосил рӯёнд. Аз ҷумла, пахтакорӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳоли афзоиш мебошад. Гуфта шуд, ки то имрӯз пахтакорони вилоят беш аз 252 ҳазор тонна пахта ҷамъ овардаанд.
Ҷонибҳо ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ворид намудани технологияи муосир барои коркарди пахта суҳбат карданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҷон Сонг Шик гуфт: “Хатлон вилояти аграрӣ аст ва таҷрибаи пешқадами соҳаи кишоварзии Кореяро метавон дар ин ҷо пиёда сохт, чун ширкатҳои чинӣ, ки яке аз шарикони стратегии кишвари шумо мебошанд. Мо пешниҳодҳои шуморо ба инобат мегирем ва баҳри амалишавии он чораҳои зарурӣ меандешем”.


Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"