Баргашт Чоп кардан

«THE INVESTOR 2025». ШУМОРАИ МАХСУСИ МАҶАЛЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТОҶИКИСТОН


Маҷаллаи маъруфи байналмилалии «The Investor», ки дар 48 кишвари ҷаҳон паҳн мешавад ва зиёда аз 165 ҳазор тоҷир ва сармоягузори муваффақи сатҳи ҷаҳонӣ онро мутолаа мекунад, нашри навбатиро бо номи «The Investor Tajikistan 2025» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст.

Пешгуфтори нашрия бо суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Инчунин, паёми раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» ҷой дода шудааст.
Чунин таваҷҷуҳ бозгӯкунандаи равандҳои иқтисодии муосир ва имкониятҳои нав дар бахшҳои стратегии кишвар, мисли энергетика, саноат, маъдан, молия, кишоварзӣ, инфрасохтор, нақлиёт ва дипломатия, мебошад.
Нашри махсуси маҷалла бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷинвест» омода гардида, таҳлили пурра ва муфассали байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқтисоди Тоҷикистон ва дурнамои сармоягузории кишварро фаро гирифтааст.
Маҷалла аз ҷониби ширкати «Beyond Investments Group» - як гурӯҳи байналмилалии машваратӣ ва таҳиягари нашрияҳо, ки зиёда аз 20 сол таҷриба дар пешбурди сиёсати сармоягузорӣ дар бозорҳои нав ва босуръат рушдкунанда дорад, таҳия шудааст.
Мавриди зикр аст, ки идораи марказии «Beyond Investments Group» дар шаҳри Парижи Фаронса ҷойгир буда, дар шаҳрҳои Дубай, Лондон, Ню-Йорк ва Шанхай намояндагӣ дорад.
«The Investor» ҳамчун минбари ҷаҳонии таҳлили иқтисодӣ ва иртиботи мустақим миёни ҳукуматҳо ва сармоягузорон шинохта шудааст ва тавассути мусоҳибаҳои хос, таҳлили бахшҳо ва баррасиҳои сармоягузорӣ маълумот пешниҳод намуда, ба роҳбарони соҳаҳои молия, энергетика, технология, маъдан, саноат ва идоракунии сармоя дастрас мегардад.
Маҷалла бо теъдоди 84 000 нусха нашр шуда, тавассути шабакаҳои корпоративӣ ва муассисаҳои байналмилалӣ паҳн мегардад. Нусхаи электронии он бошад, як миллион хонанда дорад.


Муҳаммадамин ОДИНАЕВ, “Ҷумҳурият”