Пас аз андешаҳои тулонӣ дар бораи шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро дар он нуқтае дарёфтам, ки оҷизам дар як-ду ҷумла ҳатто дар як мақолае тамоми хуҷастагиҳои Сарвари азимушшонамонро фаро бигирам. Ин мавзуъ, яъне хуҷастагиҳои Пешвои миллатамон, он қадар фароху фарогир, ғанӣ ва пурбор аст, ки барои баёнашон ҳам андешаҳои амиқ ва ҳам тахайюлоти баланди парвози фикрро тақозо дорад, зеро дар ростои ин исми шариф ва ин шахсияти бузурги таърихӣ ҳазорон вожаҳои рангину дурахшонро метавон гузошт.
Нахуст аз ҷиҳати инсонӣ: Эмомалӣ Раҳмон – Сарвари ҷоннисор, ватандӯсту ватанпарвар, инсони хайрхоҳу адолатпарвар, некбину созандаву бунёдкор, паёмовари сулҳу дӯстӣ, дастгири олимону адибон, ҷавонон, арҷгузори занону модарон, дастгири афтодагону камбизоатон, падари ҳама ятимони кишвар... ва даҳҳо сифати дигар, ки ӯро маҳбуби мардум кардаанд.
Аз ҷиҳати таърихӣ: шахсиятест наҷотбахши миллату кишвар, эҳёгари сарзамини куҳанбунёд – Тоҷикистони биҳиштосо, эҳёгари фарҳангу маросимҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, суннату оинҳои халқ, арҷгузори забони миллӣ, ҳама бузургону нобиғагони гузаштаамон, дӯстдори шоирон, ташаббускору дастгири нашри китоб, роҳандози қонун ва аз ҳама муҳимаш наҷотбахши Тоҷикистони азизи мо аз вартаи фалокатҳо.
Аз ҷиҳати сиёсӣ: шахсияти бузургу эътирофгардидаи байналмилалӣ, ташаббускор ва роҳандози барномаҳои бузурги сиёсиву иҷтимоиву фарҳангии башарӣ, шахсияте, ки ягонагии форсизабонони дунёро дар худ таҷассум мекунад, шахсияте, ки имрӯз ташаббусу иқдомҳояш дар ҳама кишварҳои ҷаҳон эътироф ва роҳандозӣ гардидаанд ва дар қатори дурахшонтарин симоҳои сиёсии дунёст.
Агар мо мушаххастар сухан ронем, ҳар як сифат ва иқдоми ин инсони бузург, ки мухтасар ном бурдем, дар паси худ боз даҳҳо сифату иқдомҳои дигарро бо худ овардааст, ки ҳамаи онҳо на танҳо ба манфиати миллати ӯ, балки ба манфиати ҳама инсонҳои рӯйи Замин аст. Ин ҳама сифатҳоро дар як вожа ё ибораи “қаҳрамон” ва ё “қаҳрамони миллӣ” метавон ҳусни ҷамъбаст дод.
Ба ростӣ, кист, ки даст ба рӯйи сина монда иқрор намешавад, ки Пешвои инсонпарвару ватандӯсти мо фавқулода инсон ва сиёсатмадорест, худодод.
Мо, насли мо, худро хушбахт мешуморем, ки дар ин замони тақдирсоз барои халқу кишварамон зистем ва ин суханҳоро дар заминаи он мегӯем, ки аз оғоз то ба имрӯз бо ӯ будем, ба чашми худ дидем ва шоҳиди бевоситаи ин таърихи наҷиби халқу кишварамон ҳастем.
Ҳанӯз ҳам, ҳар лаҳзаву ҳар соат, мо шоҳида хиради зотӣ ва фитрати барҷастаи ин Сарвари бузург, ин қадар бунёдкориву созандагӣ, эҳёгариву эҷодкорӣ, ҷоннисориҳои пайвастаи Пешвои ватандӯст, ваҳдатшиор, фарҳангу адабпарварамон дар тамоми ҷабҳаҳо ҳастем. Танҳо инсони худодод бо қобилиятҳои фавқулода қодир аст, ки бо огоҳии комил аз авзои мардуму кишвараш, бо дониши ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар тамоми самтҳо, дар тамоми ҷабҳаҳо, дар хурдтарину дурдасттарин гӯшаҳои кишвари худ раҳнамову ташаббускори ҳама пирӯзиҳои миллии халқи худ бошад, тавонад ҳамаро дар зери назорату мушоҳидаи худ бигирад ва нагузорад, аз роҳи ҳадафҳои баланди миллӣ берун бароянд.
Бори дигар мегӯем, ки нашр ва интишору ба ҳар хонадон ройгон тақсим кардани китобҳои “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва шоҳасари безаволи “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ барҷастатарин намунаи ҳам ватандорӣ ва ҳам андешамандии Пешвои муаззами мост. Иқдоме, ки ҳеҷ гоҳе ҳеҷ сарваре дар ҳеҷ давру замон роҳандозӣ накарда буд.
Воқеан, метавон гуфт чеҳраи ӯ чеҳраи миллат, ҳастии ӯ ҳастии халқи бузургвораш аст. Ӯст, ки дар симо ва зиндагии худ ҳама хуҷастагиҳои халқи соҳибтамаддуни хешро таҷассуми дурахшон додааст. Аз ин рӯ, ситоиш ва тавсифи ин шахсияти бузург ситоиш ва тавсифи миллати тоҷик ва ҳама он пирӯзиҳоест, ки таҳти сарварии ӯ дар замони соҳибистиқлолии халқи некманишамон ба даст оварда шуданд.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон