Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи саноатро омили асосии пешрафти иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ, баландшавии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, коҳиш ёфтани камбизоатӣ дар маҳал, дар маҷмуъ, рушди соҳаи саноатро стратегияи 4-уми миллӣ арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки дар маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоят соҳаи нассоҷӣ яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси вилоят оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди он, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, оид ба тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта 5-уми ноябр мужда доданд.
Соли ҷорӣ кишоварзони Хатлон дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз беш аз 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 127 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Дар ин бора мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир иттилоъ дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»