Баргашт Чоп кардан

РАЪНОИ ЗОИРДУХТ. МУБАЛЛИҒИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ


Раънои Зоирдухтро дӯсти рӯзноманигорон, бавижа ҳаводору муаллифи рӯзномаи “Ҷумҳурият”, дар маҷмуъ, матбуоти тоҷик гуфтан кам аст. Ӯ фаротар аз ин, рафиқу ғамхори пажӯҳишгарон, мусаввирон, ҳунарпешагон ва шоирону нависандагони Тоҷикистону ҷаҳон аст. Ин бонуи хушгил соҳибдилонро аз чор сӯйи дунё дар фарҳангсарое, ки рисолати роҳбарияшро бар дӯш дорад, ба ҳам оварда, талқини фарҳанги миллӣ мекунад.
Дар «Фарҳангсарои ориёӣ»-и шаҳри Истаравшан меҳмонон аз шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ на танҳо кӯфти роҳро мебароранд, балки бар замми ин, бо як ҷаҳон зебоии меъмории миллӣ, китобхона ва аз маҳфили хуҷастае баҳравар хоҳанд шуд. Ҷолиб он аст, ки қариб ҳама шарқшиносону тоҷикдӯстони хориҷӣ вақти тамошои Истаравшан ҳатман ин ҷо ист мекунанд ва Раънобону бо садоқати меҳандӯстӣ меҳмонро бо ҷаҳони пурбори маънавии миллати мо ошно месозад. Ин ҷо олимону адибон ва гардишгарон аз кишварҳои Россия, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Амрико, Канада, Англия, Фаронса, Ҷопон, Покистон омадаанд. Китобҳо, аксҳо ва соядастҳо дар дафтари ёддоштҳои фарҳангсаро аз диду боздиди хориҷиён қисса мекунанд. Меҳмонон дар навиштаҳои худ бо муҳаббат аз тоҷикону Тоҷикистон сухан гуфта, сарзамини бостониву фарҳангпарвар будани мардуми моро эътироф кардаанд. Мо пешниҳод кардем, ки гулчини ёддоштҳои хориҷиёнро дар шакли китоб чоп намоянд.
Фаъолияти ҳамарӯзаи Раънои Зоирдухт, ки қариб бидуни истироҳат ҷараён мегирад, дар чанд ҷода идома дорад. Нахуст, ӯ дар ин боргоҳи хирад кӯдакону наврасони ташнаи шеъру адабро аз маҳалла ва деҳаҳои атрофи шаҳр ҷамъ оварда, маҳфили “Гули сухан”-ро пайваста мегузаронад. Намунаҳои нахустини эҷоди онҳоро баҳри ҳавасмандӣ дар нашрияи “Ганҷи ороста”, ки сармуҳаррираш аст, чоп менамояд. Намунаҳои боз ҳам пухтатари корҳои онҳоро ба нашрияҳои дигар, аз ҷумла ба матбуоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ, мефиристад, то аз истеъдоди онҳо сокинони дигар минтақаҳо ҳам огоҳ шаванд. Ба ин маҳфил адибони машҳурро ҷалб намуда, дар рӯшании ҷаҳонбинии насли нав талош меварзад.
Ҳамчун раиси бахши истаравшании «Бунёди забони давлатӣ» ба ҳар шиору овезаи шаҳр, китобу дастурҳои навчоп, номгузории муассисаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, ҳолати китобхонаҳо, чопи ҳафтаномаи маҳаллӣ, мавҷҳои радиои шаҳрӣ, ёдгориҳои таърихии ин диёр кор дорад. Мехоҳад набзи ин ҳама падидаҳои нек якҷо дар тапиш бошанд, барои покизагии забони модарӣ, донишомӯзии мардум муҳити созгор зуҳур ва дар ниҳоят Истаравшан ҳувият ва шукӯҳи бостонии хешро ҳифз намояд.
Чун ба маҷмааи «Фарҳангсарои ориёӣ»-и шаҳри Истаравшан ворид мешавед, бо муҳити таърихиву фарҳангии ин шаҳри бостонӣ, тасвирҳои ҷолиб, пайкараи модар, маҳфилгоҳу китобхона, кандакориву гаҷкориҳои олӣ, минётураҳои классикӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ошно мегардед, ки бештарашон намунаҳо аз маданияти ориёиянд.
Ин боргоҳи маърифат соли 2008, замоне ки 1150-солагии устод Рӯдакӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардид, ба истифода дода шуд. Ин ҳодисаи фараҳбахш он сол басе рамзӣ буд ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкории Ҳукумати кишвар ба шумор мерафт.
- Замоне ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2006-ро - «Соли гиромидошти тамаддуни ориёӣ» эълон карданд, шефтагони ин маданияти бостонӣ ба Тоҷикистон бо назари неку хайрхоҳона нигариста, хостанд баъзе аз иқдомҳои созандаи худро дар кишвари мо роҳандозӣ кунанд. Аз ҷумла, Обтин Сосонфар, доктори ҳуқуқи байналмилал, Масъуд Миршоҳӣ, раиси Анҷумани Рӯдакӣ ва Меҳрафзун Сосонфар, раиси Анҷумани мероси ниёгон аз Фаронса ғояҳои адабпарваронаи моро хуш пазируфтанд ва барои сохтмони «Фарҳангсарои ориёӣ» маблағ ҷудо намуданд, – изҳор медорад Раънои Зоирдухт, шоир, узви Иттифоқи нависандагон.
Бинои барозандаву зебои «Фарҳангсарои ориёӣ» дар рӯбарӯи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, меҳвари маҳфилҳои гарм, нуқтаи чопи “Ганҷи ороста” ва чандин корҳои хайри дигар аст. Ин ҳама хидматҳои неки Раънобону дар остонаи 34-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали Хидмати шоиста қадр гардид. Дар идомаи ин ҷодаи пуршараф ба шаҳбонуи фарҳангсаро тандурустӣ ва иқболи ҳумоюн таманно дорем.


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”