Баргашт Чоп кардан

ТАХОГРАФ. ТАЛАБОТИ НАВИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БА НАҚЛИЁТИ БОРКАШ


Аз 1-уми июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав – тахографҳо эътибор пайдо мекунад. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, минбаъд мошинҳои дорои вазни иҷозатдодашудаи зиёда аз 2,5 тонна, аз ҷумла мошинҳои сабуки тиҷоратӣ, бояд бо “Smart Tacho 2” муҷаҳҳаз шаванд.

Айни ҳол мошинҳои дорои вазни пурраи иҷозатдодашуда аз 2,5 то 3,5 тонна метавонанд сарҳадҳоро бидуни тахограф убур кунанд. Аммо аз моҳи июли соли оянда уҳдадории нав ҷорӣ мешавад. Комиссияи Аврупо тавзеҳот оид ба қоидаҳои нави истифодаи тахографҳо ва харитаҳои ронандагони мошинҳои боркашро дар доираи регламенти Иттиҳоди Аврупо 2020/1054 нашр кард. Таваҷҷуҳи асосӣ ба давраи гузариш аз августи соли 2023 то августи соли 2028 дода шудааст, ки дар давоми он операторҳо, ронандаҳо ва ширкатҳои нақлиёти боркашони байналмилалӣ бояд ба талаботи нав мутобиқ шаванд.

Тибқи қоидаҳои нав, аз 1-уми июли соли 2026 ҳамаи воситаҳои нақлиёти вазни иҷозатдодашудаашон зиёда аз 2,5 тонна, аз ҷумла мошинҳои сабуки тиҷоратие, ки дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо истифода мешаванд, ба истиснои давлати бақайдгиранда, бояд бо тахографҳои зеҳнии насли 2 (Smart Tacho 2) муҷаҳҳаз гарданд. Ронандаҳо, инчунин, бояд кортҳои тахографи версияи 2-ро истифода баранд. Ин назорати риояи реҷаи кор ва истироҳати ронандаҳоро осон ва маҳдудиятҳои техникиро ҳангоми санҷиши роҳҳо кам мекунад. Қоидаҳои наве, ки соли оянда ҷорӣ мешаванд, ба мошинҳои боркаш, инчунин, мошинҳои сабуки тиҷоратӣ (фургонҳо, мошинҳои хурди боркаш ва микроавтобусҳо) дахл хоҳанд дошт.


Ин тағйирот ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, кам кардани хастагии ронандаҳо ва фароҳам овардани шароити баробар барои тамоми иштирокчиёни бозори ҳамлу нақли байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар ҳолати нодида гирифтан ва насб накардани тахографҳои насли дуюм таҳримҳо ва ҷаримаҳои ҷиддӣ пешбинӣ мешаванд, ки андозаашон вобаста ба кишвар ва намуди нақлиёт аз 200 то 18000 евроро ташкил медиҳад.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”