Баргашт Чоп кардан

ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК


(дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар ҳар ҷомеа, бахусус дар давраҳои буҳронӣ ва гузариш, ниёзи шадид ба роҳбаре эҳсос мегардад, ки масъулияти наҷоти давлат, истиқлолу озодии мардум, таъмини сулҳу субот, инчунин, таҳкими пояҳои истиқлоли сиёсиро тавонад бо иродаи қавӣ, шикастнопазир ва дарку ҳимояи манфиатҳои миллӣ бар зиммаи худ бигирад.


Таърихи давлатдории тоҷикон низ мавридҳоеро, ки боиси зуҳури пешвоёни сиёсӣ шудаанд, борҳо таҷриба кардааст. Аз ҷумла, баъди истилои арабҳо, дигарбора дар сарзамини Мовароуннаҳр ва Тоҷикистони таърихӣ Исмоили Сомонӣ ҳамчун пешвои миллӣ зуҳур кард ва мардумро атрофи ормонҳои миллӣ муттаҳид сохт ва давлати тоҷиконро ташкил намуд.
Бо гузаштани марҳалаи муайяни таърихӣ, миллати тоҷик боз дар ҳолати шадиди буҳронӣ қарор гирифт. Чун Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт ва тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ дар ин сарзамин сурат гирифт, вуҷуди тоҷикон ҳамчун миллати мустақил ва дорои сарзамину қаламрави алоҳида зери суол рафт. Дар чунин шароити тақдирсоз фарзандони фарзонаи миллат, ҳарчанд ба сурати ҷудогона ҳам бошад, масъулияти пешкориро ба хотири миллат, бо вуҷуди он ки ҳамарӯза хатари воқеӣ ба ҷони худу хонаводаашон таҳдид мекард, ба уҳда гирифтанд. Агар он рӯзгор Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба сифати пешвоёни маънавии замон баромад карда бошанд, ба сифати роҳбарони сиёсӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ба он мусоидат карданд, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёбад.
Дар шароити буҳронии солҳои 90-уми асри гузашта низ боз ба Тоҷикистони тозаистиқлол хатари нобудӣ таҳдид кард. Дар кишвар вазъияти бениҳоят мураккаб эҷод гардида, дар хориҷ ва дохили мамлакат масъалаи аз байн бурдани кишваре бо номи Тоҷикистон ба таври густурда баррасӣ мегардид.
Маҳз дар чунин вазъият дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвои нави мардумӣ ба майдони сиёсат ворид шуд, ки фаъолияти минбаъдаи ӯ на танҳо бо раҳбарии сиёсӣ, балки бо эҳёи як институти нави миллӣ – падидаи Пешво тавъам гардид. Ин институт ба сифати падидаи таърихию сиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ ҷараёни давлатсозии муосири тоҷиконро тавзеҳ дода, ба унсури устувори ҳувияти миллӣ ва низоми сиёсӣ табдил ёфт.
Барои равшанӣ андохтан ба мавзуъ моро зарур аст, нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дар он шароит мухтасар баён намоем. Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар таърихи давлати навини тоҷикон пас аз расидан ба истиқлоли давлатӣ яке аз рӯйдодҳои бениҳоят муҳим ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Ин Иҷлосия ҳамчун нуқтаи гардиш дар роҳи аз парокандагӣ эмин доштани халқи Тоҷикистон, хомӯш сохтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бартараф кардани буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон арзёбӣ мешавад.
Яке аз нуктаҳои муҳим – ин қабули қарорҳои сарнавиштсоз дар Иҷлосия буд. Махсусан, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ марҳалаи нави давлатдории тоҷиконро заминаи воқеӣ гузошт. Ҳамзамон, бо ин, сохтани пояҳои сохтори давлатдорӣ, барқарор кардани низоми қонунии идоракунии давлат ва мақомоти амнияти миллӣ аз ҳамин Иҷлосияи таърихӣ оғоз шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия сухане гуфтанд, ки хусусиятҳои пешвоӣ доштанашонро ба намоиш гузошт ва таърихӣ шуд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ, агар лозим шавад, ҷонамро фидо мекунам!».
Дар илми таърих ин Иҷлосия ҳамчун “нуқтаи ибтидоии давлатдории навини тоҷикон”, “поягузори ваҳдати миллӣ” ва “қадами аввалини барқарорсозии сохти ҳокимияти қонунӣ”, “заминаи ташаккули давлати муосир ва мутамаркази тоҷикон”, “Иҷлосияи наҷоти миллӣ” ва ғайра шинохта мешавад.
Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз Раиси нави Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо вуҷуди ҷавонияшон, тавонистанд бо истодагарӣ дар қабули қарорҳои муҳим худро ҳамчун лидери ҳақиқӣ, ки метавонад вазъияти комилан хатарборро зери назорат гирифта, рафъ намояд, муаррифӣ карданд.
Аз ин рӯ, Иҷлосияи XVI на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки дар симои Эмомалӣ Раҳмон саҳнаи зуҳури шахсияти сиёсие шуд, ки тавонист миллатро дар шароити буҳронӣ муттаҳид созад, рамзи эътимод, умед ва ниёзи ҷомеа ба як роҳбари ягона гардад.
Ин раванд бори дигар собит кард, ки дар фарҳанги давлатдории Шарқ, хусусан фарҳанги ниёгони мо, нақши пешвои сиёсӣ дар идоракунии давлат ниҳоят муҳим ва калидӣ арзёбӣ мегардад.
Пешвоӣ ҳамчун мафҳум ва воқеият решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Дар таҷрибаи давлатдории шашҳазорсолаи тоҷику форс роҳбари халқӣ на танҳо намояндаи қудрат, балки рамзи адолат, виҷдон ва ваҳдат будааст. Аз замони Пешдодиён то Каёниён, аз Сосониён то Сомониён ва то давраҳои минбаъда ниёгони тоҷик ба роҳбарони хирадманди худ на танҳо чун мансабдор, балки ба сифати ифодаи иродаи мардум ва қудрати маънавии давлат менигаристанд. Аз ҳамин рӯ, фарҳанги сиёсӣ ва ахлоқии тоҷикон ҳамеша арзиши шахсияти муттаҳидкунанда, ҳифзкунанда ва ҳидояткунандаро боло мегузошт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон, заминаҳои таърихии анъанаҳои неки давлатдорӣ имкони дигарбора эҳё шуданро пайдо намуданд, аммо дар баробари он, ҷанги шаҳрвандӣ низ зуҳур кард, ки ин хатари нестшавии давлатро ба миён овард.
Маҳз дар чунин шароит, зарурати таърихӣ ва иҷтимоӣ ташаккули шахсияти муттаҳидкунанда, қавиирода, қудратманд ва дорои иродаи сиёсии созанда ва васлкунандаро талаб мекард. Пешвои муаззами миллат тавонистанд дар муҳити пурошӯби кишвар, ки дар боло ишора кардем, на танҳо нақши роҳбарро иҷро карданд, балки арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва идеологии давлатдориро барқарор сохтанд. Ҳамзамон, бо раванди сулҳсозӣ ва ваҳдат, Сарвари давлат тавонистанд асоси як идеологияи нави давлатиро гузоранд, ки дар меҳвари он сулҳ, ваҳдат, истиқлолият ва эҳёи миллӣ қарор дорад. Аз ҳамин ҷо мафҳуми «Пешвои миллат» на ҳамчун унвони шахсӣ, балки ҳамчун рукни рамзи давлатдорӣ шакл гирифт. Яъне, мафҳуми «пешво» дар заминаи тафаккури фарҳанги миллӣ ва бо такя ба таҷрибаи давлатсозии тоҷикон шакл гирифта, пайдоиш ва рушди институти он дар Тоҷикистон натиҷаи ниёзи ҷомеа ба устуворӣ ва раҳнамоӣ дар давраҳои ҷангӣ ва минбаъда буд. Ин падида, аз назари сиёсӣ, шакли ифодаи қонунияти миллии қудрат ва аз назари иҷтимоӣ рамзи ҳамбастагии миллӣ гардид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ин ҳолати воқеиро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муқаррар намуд. Қонун на танҳо мақоми Пешворо дар низоми сиёсии кишвар муайян кард, балки ба таври рамзӣ миннатдории миллатро ба шахсияти таърихӣ ва роҳбари сиёсӣ изҳор намуд.
Падидаи пешвои миллат дар Тоҷикистон, аз назари сиёсӣ, се вазифаи калидиро иҷро мекунад: якум, нигаҳдории суботи сиёсӣ ва бардавомии давлатдорӣ; дуюм, таҳкими ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва сеюм, ташаккули фарҳанги нави сиёсӣ, ки дар он масъулият, эҳсоси шаҳрвандӣ ва иттиҳод ҷойгоҳи марказӣ доранд. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон тавонист ба сатҳи нави амният, рушди иҷтимоӣ ва устувории сиёсӣ расад. Аз нигоҳи институтсионалӣ, Пешвои миллат ҳамчун такягоҳи маънавӣ ва сиёсӣ миёни қувваҳои гуногуни ҷомеа амал мекунанд ва бо ин роҳ нақши “механизми тавозунбахши миллӣ”-ро иҷро менамоянд.
Месазад хотирнишон созем, ки институти пешвои миллатро ба таври сунъӣ сохтан номумкин аст. Дар ин муддат бисёре аз кишварҳои ҷаҳон кӯшиш карданд ба хотири таҳкими ҷойгоҳи давлати худ дар арсаи байналмилалӣ ва шахсиятсозии фарзандони миллати худ аз роҳбарони давлаташон “пешво” созанд. Аммо таҷриба нишон дод, ки пешвои ҳақиқӣ – ин шахсиятест, ки аз байни мардум бархостааст ва дар лаҳзаҳои маргу зиндагӣ худро аз мардум канор нагирифта, фидокорона барои халқ хизмат кардааст. Ҳамчуноне ки ин воқеият дар шахсияти Пешвои муаззами миллати тоҷик бармало собит гардид.
Тули се даҳсолаи гузашта, таъсири мусбати институти пешво дар ҳамаи самтҳои ҳаёти давлатӣ эҳсос мегардад. Дар соҳаи иқтисод, тавассути сиёсати рушди минтақавӣ ва баробарсозии имконот, Тоҷикистон аз кишвари пасоҷангӣ ба давлати дорои нишондиҳандаҳои устувори рушд табдил ёфт. Дар соҳаи иҷтимоӣ масъалаҳои рушди маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамчун меҳвари сиёсат қарор гирифт. Дар сиёсати хориҷӣ Пешвои муаззами миллат Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масоили глобалӣ, аз қабили дипломатияи об, амнияти минтақавӣ ва ҳамгироии Осиёи Марказӣ муаррифӣ карданд. Ин ҳама на танҳо обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро афзуд, балки нишон дод, ки Пешвои миллат метавонанд аз доираи сиёсати дохилӣ берун рафта, дар сатҳи ҷаҳонӣ низ арзишҳои умумибашарӣ эҷод кунанд.
Аз нигоҳи идеологӣ, падидаи пешво ба таври муассир дар ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва худшиносии тоҷикон саҳм гузошт. Суханрониҳо, асарҳо ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат ба эҳёи тафаккури миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат карданд. Табиист, ки имрӯз мафҳумҳои “пешво”, “сулҳ”, “ваҳдат”, “миллат”, “давлатдорӣ” ва “Ватан” дар зеҳни ҷомеа бо ҳам пайванди маънавӣ пайдо кардаанд. Ин пайванд барои пойдории давлат ва муқовимат ба таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба амният ва асолати миллӣ – аз экстремизм то бегонапарастӣ – нақши муҳим мебозад.
Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таърихии миллат, метавон гуфт, ки падидаи пешво дар Тоҷикистон як шакли миллии давлатдорӣ аст, ки дар асоси арзишҳои миллӣ, анъанаҳои сиёсии Шарқ ва ниёзҳои ҷомеаи муосир ташаккул ёфтааст. Агар дар кишварҳои дигар роҳбарон танҳо вазифаи маъмуриро иҷро кунанд, дар Тоҷикистон пешво, ҳамзамон, унсури фарҳангӣ, ахлоқӣ ва рамзии давлатдорӣ мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки шахсияти пешво на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар сатҳи маънавӣ низ эътироф ёфта, ба унвони рамзи ягонагии миллӣ ва шиносномаи давлатдории тоҷикон пазируфта шудааст.
Дар маҷмуъ, таъсири институти пешво ба обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар чанд сатҳ ошкор аст: дар дохили кишвар ба воситаи таҳкими субот, ваҳдат ва ҳамраъйии миллӣ; дар сатҳи минтақавӣ тавассути сиёсати ҳамкориву мувозинати геополитикӣ; дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои инсондӯстона ва назариявии худ. Ба ин тартиб, институти пешво на танҳо таҷассумгари як шахсият, балки падидаи миллӣ ва сиёсиест, ки рушди устувори давлатро дар ҳамаи ҷабҳаҳо таъмин менамояд.
Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки таъсиси институти пешво дар Тоҷикистон на натиҷаи иродаи шахс ва ё гурӯҳи муайяне, балки акси садои таърих ба ниёзҳои миллӣ мебошад, ки суботи давлат ва саодати миллат ба он пайванди ногусастанӣ дорад.


РАҲМОНЗОДА Абдулло Қурбоналӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа