![]()
Воқеан, ин иқдоми беназирест барои рушди маорифи кишвар, зеро тавре шоҳидем, ин анъана барои омӯзгорони макотиби олӣ буд ва омӯзгорони мактабҳои миёна низ дар алоҳидагӣ дастгирӣ меёфтанд, вале сохтани бинои алоҳида барои муаллимони деҳаю тақдими хона бо тамоми ҷиҳоз ба онҳо бори аввал аст. Ва ин ташаббуси пайравизебро сокинони бедордили ноҳияи Данғара оғоз бахшиданд, ки, бегумон, дар оянда омили асосии нигоҳ доштани муаллимон дар деҳоти кишвар шуда метавонад, зеро, таври маълум, омӯзгорони хуб барои фароҳамсозии шароити беҳтари зист дар бисёри ҳолат ивази пеша менамоянд ва аксаран аз деҳа мераванд. Дар Пушинг бошад, роҳи ҳалли ин масъала пайдо шуд, ки акнун на танҳо сокинонаш, балки аз дигар манотиқи кишвар омада, ба толибилмони ин ҷо дарс доданро орзу мекунанд. Мисоли равшанашро ҳам дидем: духтараке аз Мурғоб, ки муаллимаи ин ҷост, акнун соҳиби хона шуд ва волидонашро низ бо худ ба Пушинг овард. Ҳам соҳиби ҷойи кор бо маоши хуб шуду ҳам соҳиби ҷойи зист бо тамоми шароит.
Ҳамин аст рӯ овардан ба маориф, дастгирии соҳа, боло бурдани мақоми омӯзгор, ки пешрафти ҷомеа аз ӯ вобастагии амиқ дорад. Ҳамин аст созандагӣ, бунёдкорӣ, давлатдорӣ, ки ин ҳама ба шарофати истиқлолу талошҳои Сарвари сулҳовару фарҳангпарвари мо даст дод. Ҳамин аст рушди деҳот, ки мардумаш ба нанг меояд ва барои рӯзгори беҳтари фарзандон имрӯз шароит месозад. Он ҳам мардуми одии саховатпеша, ки ин кори хайрашон барои пешрафти деҳашон шоёни таҳсин аст. Ва ниҳоят, ҳамин аст намуна будан, ки халқ аз ин иқдом хушнуд гаштааст.
Он корҳое, ки тули қариб сию панҷ сол анҷом ёфтанд, хеле бузурганд, аммо бояд иқрор шуд, ки ҳамин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар – тақвияти корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои 30 ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ симои шаҳру деҳро бакуллӣ тағйир дод: деҳаҳои зиёде ҳусни шаҳрро гирифтанд, роҳҳои солҳо нообод навсозӣ шуданд, аҳолие, ки ҳатто солҳо боз фарзандонашон роҳҳои дурро тай карда, ба мактаб мерафтанд, ҳам соҳиби мактабҳои замонавӣ шуданду ҳам кӯдакистону беморхонаҳо. Мардум дарк кард, ки он чи Ҷаноби Олӣ мегӯянд, танҳо баҳри саодаташон аст, аз ин рӯ, якдилу якҷон ба ободкорӣ камар баст. Шоҳидем ва мебинем, ки ҳангоми сохтмон, бахусус дар рустоҳо, гӯё ид барпо мешавад: иди созандагӣ. Сокинон бо хости худ ба ҳашар мебароянд, даст ба даст додаву бунёд менамоянд: боз ҳам роҳеро, мактабу боғча ва ё чун пушингиён барои муаллимони фарзандонашон хонаҳои барҳавоеро месозанд.
Чи хуб мешавад, агар ин амалро сокинони дигар манотиқи кишвар низ пайравӣ бикунанду дар бари мактабҳои зебову замонавӣ, барои омӯзгорон низ манзили зист бунёд намоянд ва кадрҳои хубро, ба ин васила, ба кор ҷалб созанд. Ва ман гумон мекунам ин кор шуданист ва аз баракати осоиштагиву оромӣ ва ҳидоятҳои ояндасози Ҷаноби Олӣ муаллимони зиёде соҳиби манзили зист мегарданд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”