Ҳамтоёни азиз! Имрӯз дар баробари ҳамоиши мо – сарварон, дар Осиёи Марказӣ як иди бузурги дигар ҳам ҳаст:
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН!
Ман мехоҳам, аз номи ҳамаи шумо – ҳамтоёни гиромӣ, Эмомалӣ Раҳмонро ба ин ид табрик гӯям.
Шумо медонед, дар лаҳзаҳои барои Тоҷикистон тақдирсоз, ки ҷанг идома дошт, Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмат ва ҷасорату мардонагии хос алайҳи тамоми мушкилиҳо истодагарӣ карда, дар мавқеи худ устувор монданд. Ва имрӯз дар Тоҷикистон пешрафту гул-гулшукуфоӣ рафта истодааст. Мо ҳамчун ҳамсояи наздик ин ҳамаро мебинем ва хушҳол мешавем.
Иҷозат диҳед, аз номи ҳамаи шумо Эмомалӣ Раҳмонро ба ин иди бузург табрик гӯям.
Ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу саодатро орзу дорам ва ба Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама саломатӣ ва шукуфоӣ таманно дорам. Бигзор ҳамеша раҳнамои мо боқӣ монанд.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
(Тошкент, 16 ноябри соли 2025)