Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Шоҳҷоиза ба Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский барои намоиши «Мастер ва Маргарита», аз рӯи асари Михаил Булгаков дар таҳияи Хуршед Мустафоев, дода шуд.
Дар номинаи намоиши беҳтарин «Пораабри сафеди Чингизхон»-и Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, аз рӯи асари Чингиз Айтматов дар таҳияи Султон Усмонов, сазовори ҷойи якум гардид. Ҷойи дуюм ба намоиши «Зол ва Рудоба»-и Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода, дода шуд. Ҷойи сеюмро Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «Савдо», дар таҳияи Умед Хисравов, соҳиб гардид.
Дар маросими ҷамъбасти Фестивал-озмун Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг, Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио, Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе ва аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат иштирок намуданд.
Театрҳои ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ доданд, ки дар инъикоси вазъи иҷтимоии ҷомеа ва маънавиёти мардум саҳм гузоранду бо саҳнаҳои ҷолиби диққат ва бозгӯкунандаи рӯзгори мардум аҳли ҷомеаро ба ин макон боз ҳам бештар ҷалб намоянд. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон театрҳои касбии мамлакат ба комёбиҳои назаррас даст ёфтаанд.
Истиқлоли давлатӣ барои пешрафти санъати театрии касбӣ шароити мусоид фароҳам овард. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду театри касбӣ – Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара (соли 2003) ва Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд (соли 2004) ба фаъолият оғоз намуданд.
Ҷоизаи махсуси ба номи Хушназар Майбалиев, барои ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва ҷасорат дар коргардонӣ ба Нозим Меликов – коргардони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои таҳияи асари Албер Камю «Иштибоҳ» ва Раъно Раҳ-матуллоева – коргардони Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи Александр Пушкини шаҳри Бӯстон барои таҳияи спектакли Р. Мелников «Зистан мехоҳам» тақдим гашт. Ёдовар мешавем, ки Хушназар Майбалиев – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, зиёда аз панҷоҳ асар, аз қабили «Дасти дӯст», «Захми забон», «Фарёди ишқ», «Беватан», «Ибтидо», «Машварат», «Писари калонӣ», «Ванятағо», «Антигона», «Муфаттиш», «Дод аз дасти ақл»-ро рӯи саҳна оварда, дар равнақи санъати театр ҳиссаи назаррас гузоштааст. Ӯ дар ҷодаи коргардонӣ аз василаҳои гуногун истифода бурда, диди театриро ба сатҳи сифатан нав баровард.
Маврид ба зикр аст, ки Фестивал-озмуни «Парасту-2023» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи саҳнавӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, оҳангсозон, боло бурдани ҳисси ифтихори ватанхоҳӣ ва эҳёи анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ дар 2 сол як маротиба гузаронда мешавад.
Лола РИЗОӢ,
«Ҷумҳурият»