Баргашт Чоп кардан

БАДАХШОН: МУҲАББАТИ ПРЕЗИДЕНТ БА МО МУҲАББАТИ ПАДАР БА ФАРЗАНД АСТ


Мо, мардуми ватандӯст, меҳнатқарин ва сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо ифтихори бузург ва эҳсоси шукргузории беандоза Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ваҳдат, давлатдорӣ ва устувории истиқлолро бо шодию фараҳ ҷашн мегирем.
Ин санаи муборак барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ рӯзи сипосгузорӣ аз фарзанди барӯманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо хиради сиёсӣ, мардонагӣ ва муҳаббати беандоза ба халқу Ватан, роҳи пешрафти давлатро равшан ва ояндаи дурахшони миллатро таъмин намуданд.
Аз рӯзҳои пурошӯби солҳои навадуми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ, дар гирдоби душвориҳо қарор дошт, Пешвои миллат бо дилу ҷасорати мардона ба Хоруғи кӯҳистон қадам ниҳоданд. Сафари таърихии Ҷаноби Олӣ ба шаҳри Хоруғ дар моҳи июни соли 1993, дар замони вазнину ноором, дар қалби мардум шуълаи умедро фурӯзон кард ва ба мардум итминон бахшид, ки Бадахшон ҳамчун як гӯшаи Тоҷикистони азиз ин марҳалаи вазнинро пушти сар хоҳад кард. Аз ҳамон рӯз, сиёсати Пешвои миллат ба рамзи ваҳдат, устуворӣ ва иттиҳоди мардум табдил ёфт.
Воқеан, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Бадахшони азиз аз як гӯшаи дурдаст ба минтақаи пуриқтидор, обод табдил ёфт. Пешвои миллат ҳамеша нисбат ба Бадахшон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз рӯзҳои аввалини фаъолияти худ дар роҳи давлатсозӣ, барои беҳсозии зиндагии мардум, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии вилоят иқдомҳои муҳиме анҷом доданд.
Ин гӯшаи баландкӯҳу пурифтихори Ватан, зери нури меҳру таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат рушд ёфт. Дар домани кӯҳҳои осмонбӯс роҳҳо чун риштаҳои ваҳдат печиданд, неругоҳҳо рӯшноӣ бахшиданд, мактабу беморхонаҳо қомат рост карданд. Шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма, ки аз қалби кӯҳистони мо мегузарад, акнун на танҳо роҳ, балки шоҳрагест миёни дилҳо ва ваҳдати миллат.
Бо ҳидояти Пешвои муаззам неругоҳҳои “Помир” ва “Себзор” нур оварданд, бар қуллаҳои яхбастаи Мурғоб Офтоб партавафкан шуд. Заминҳои нав эҳё гардиданд, боғҳо шукуфтанд, гармхонаҳо мева доданд ва зиндагии мардум серу пурнур шуд.
Ин ҳама нишони он аст, ки муҳаббати Пешвои миллат ба Бадахшон танҳо сиёсӣ нест – он муҳаббати падар ба фарзандон, муҳаббати инсон ба зодгоҳ ва Ватан аст.
Мо, фарзандони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ин меҳрубониро бо шукргузорӣ пазируфта, бо вафодорӣ ва садоқати беандоза ба Президенти мамлакат, ваҳдати Ватан ва ормонҳои истиқлол, талош дорем, ки бо меҳнату иродаи устувор дар рушду шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб саҳмгузор бошем.
Дар ин рӯзи пурфайз, мо тамоми мардуми ВМКБ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, неруи тоза ва тавфиқ дар корҳои пуршарафашон барои ободиву пешрафти Тоҷикистон орзу менамоем.
Бигузор Тоҷикистони азизамон ҳамеша обод, сарсабз ва шукуфон бошад!


Бо эҳтиром ва сипоси бепоён мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон